Бонки ҷаҳонӣ: 15% ҷавонони тоҷик корҷӯ нестанд

© Sputnik / Амир ИсаевҶавонони Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Ҷавонони Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ, шаст дарсади нерӯи корӣ дар Тоҷикистон дар бахши ғайрирасмӣ фаъъолият дорад, зеро таъсиси ҷойи корӣ дар бахши расмӣ наметавонад пайгири рушди ҷамъияти ин кишвар бошад.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд дар қонеъ сохтани ниёзи бозори нерӯи кор ва таъсиси ҷойҳои корӣ, ки зуд тағйир меёбад, рӯбарӯ аст, зикр мешавад дар гузориши "Рушди имконот барои тавсеъа додани имконоти пайдо кардани ҷойи корӣ дар Тоҷикистон", ки аз сӯйи Бонки ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Бахши умдаи нерӯи корӣ дар Тоҷикистон — 60% дар арсаи ғайрирасмӣ машғуланд. Вале дар ин арса сифати кор нигаронкунанда аст ва кормандон вазоифи такрорӣ анҷом дода ҳунарҳои навро пайдо намекунанд, зикр кардаанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки бозори кори Тоҷикистонро пажӯҳиш кардаанд.

"Таъсиси ҷойи корӣ дар бахши расмӣ наметавонад ҳамзамон бо рушди теъдоди ҷамъияти кишвар ҳамоҳанг бошад ва ба ин далел ҳудуди сӣ дарсади ҷавонон барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор ба хориҷи кишвар мераванд ва ё барои худ дар бахши ғайрирасмӣ кор пайдо мекунанд. Кишвар бо мушкилоти зиёде дар таъмини ниёзҳои бозори кори зуд тағйирёбанда рӯбарӯ аст", — зикр шудааст дар гузориш.

Ҷавонон озурдаанд

Дар иқтисоди Тоҷикистон тағйироти зиёди сохторӣ сурат гирифта, бавижа гузариш аз бартарияти кишоварзӣ ба самти саноеъ ва бахши хадамот мушоҳида мешавад.

Теъдоди зиёди ҷавонони (беш аз 15%) Тоҷикистон ноумед ҳастанд ва ҷойи кор намекобанд, зеро бовар надоранд, ки метавонанд онро пайдо кунанд.

"Мизони тавлидотӣ ба сурати чашмрас боло рафтааст, вале мизони рушди маош аз мизони рушди тавлидот бештар буд, ки боиси нигаронии рақобатпазирӣ шуд. Мизони кунди рушди низоми бозори кор дар Тоҷикистон аз ҷустуҷӯйи судманди ҷойи корӣ ва ироаи иттилоъи касбияти кормандон монеъ мешавад", — омадааст дар гузориш.

Тафтиши асноди муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон: бо баргаштани муҳоҷирон Тоҷикистон “талхком” хоҳад шуд

Дар тӯли ҳудуди ду даҳсола Тоҷикистон бо рушди иқтисодӣ рӯбарӯ буд, ки ба асоси шароити хуби ҷаҳонӣ, субботи нисбӣ ва қимматҳои баланди маводди содиротӣ рух дода буд.

Вале ҳамчуноне ки БҶ зикр мекунад, ахиран мизони ин рушд каме мӯътадил шуд. Кундии рушд тақрибан дар ҳамаи бахшҳои иқтисод мушоҳида мешавад, ки ҳамзамон бо афзоиши мизони масоили таъсиси ҷойи корӣ ва рақобатпазирӣ аст.

"Бо вуҷуди коҳиш ёфтани муввақати мизони рушд, ҳукумати Тоҷикистон барои то соли 2020 аҳдофи ҷасуронаи рушдро мушшахас кард — ин афзоиши ду баробари тавлидоти нохолиси миллӣ, коҳиши чашмраси фақр ва тавсеъаи гурӯҳи миёнаҳолон аст. Дар ҳоли вуҷуди теъдоди ҷамъият, ки 40% аз 17 сола ҷавонтар мебошад, таъсиси ҷойҳои корӣ ва машоғили судманд барои расидагӣ ба ин аҳдоф хеле муҳим аст", — муътақиданд муаллифони гузориш.

Дар гузориши тозаи Бонки ҷаҳонӣ иртибототи миёни таҳсил, ҳунар ва нишондодҳои бозори кор дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, машваратҳои мушшахас барои таҳияи ҳунарҳои касбӣ пешниҳод шудаанд.

Машваратҳои БҶ

Натиҷаи аслии ин гузориш аз он иборат аст, ки камбуди ҳунарҳо ба беҳбуди нишондодҳои бозори кори Тоҷикистон монеъ мешавад.

Ба манзури беҳбуди нишондодҳои бозори кор дар Тоҷикистон ҳукумат муваззаф аст, ки низоми таҳсил дар кишварро таҷдид карда ва ба ин тартиб онро ба шароити муосири талаботи иқтисод мутобиқ созад.

Бештаре аз корфармоён камбуди нерӯи кори ҳирфаӣ дар миёни корҷӯёнро зикр мекунанд.

Тафтиши шиноснома дар фурудгоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд

"Ҳукумат ҳамчунин метавонад бештар амал кунад, то ба кӯдакон аз оғоз масири дуруст пешниҳод кунад ва барои ин ба барномаҳои кӯдакона бештар сармоягузорӣ кунад. Ин амр дар маҷмӯъ бозгашти мизони бештари сармоягузориро нишон дода ба омӯзиши ҳирфаии кормандон мусоидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0