Аробакаш. Акс аз бойгонӣ

Forbes: иқтисоди ҶТ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ заифтарин аст

1
(Таҷдидшуда 13:10 20.02.2015)
Ба эътиқоди таҳлилгарони бахши украинии маҷалла бо вуҷуди рушди ҳамасолаи мизони тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон ба ҳаҷми 7-8% иқтисоди ҷумҳурӣ дар муқоиса бо кишварҳои дигари пасошӯравӣ ақибмондатарин аст.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тавлидоти нохолиси миллӣ бо дарназардошти зарфияти харидории аҳолии Тоҷикистон муодили $2677 аст ва ин рақам пасттарин омор дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ мебошад, зикр мекунад дар феҳрасти худ маҷаллаи Forbes-Украина.

Маҷалла феҳрасти кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравиро дар муқоиса бо мизони рушди иқтисод тибқи як наҳваи вижа бо дарназардошти омилҳои мухталиф таҳия кардааст.

Ба эътиқоди муаллифони ин феҳраст, ҳарчанд рушди мизони тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар солҳои ахир ба сурати муттавасит 7-8% аст, вале кишвар бо назардошти тавони харидории аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ охирон мебошад.

"Зербаноҳои бе ин ҳам суст рушдкардаи Тоҷикистон дар замони ҷанги дохилӣ дар солҳои 1992-1997 ба сурати сангин осеб диданд, ки ба коҳиши сареъи тавлидот дар саноат ва кишоварзӣ мунҷар шуд. Дар авохири ҷанги шаҳрвандӣ мизони тавлидоти нохолиси миллӣ ончунон пойин буд, ки ҳатто бо гузашти 17 сол ва бо дарназардошти рушди 7-8% ҳамасола дар иқтисод ҷумҳурӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ охирин маҳсуб мешавад", — омадааст дар матлаб.

Муаллифони матлаб тавзеъ медиҳанд, ки беш аз як миллион нафар тоҷикон кишварро ба қасди ҷустӯҷӯи кор тарк кардаанд. Муҳоҷирон умдатан дар Русия кор мекунанд ва маболиғи пули интиқолкардаи онҳо муодили ҳудуди нимаи тавлидоти нохолиси миллӣ мебошад.

"Фасод, кайфияти пойини мудирияти давлатӣ, камбуди мавсимии нерӯи барқ — феҳрасти нокомили мушкилоти иқтисоди Тоҷикистон аст. Мушкили ахири номбаршударо давлат талош дорад аз роҳи сохтмони чанд нерӯгоҳ ҳалл кунад", — омадааст дар матлаби нашршуда.

Муаллифони матлаб ишора мекунанд, ки бо дарназардошти манобеъи мухталифи молӣ ва сохтори иқтисод, ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ роҳҳои мухталифи рушдро интихоб кардаанд. Ба унвони мисол, бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ ба сохти капитализми давлатӣ авлавият кардаанд.

Русия, Қазоқистон, Беларус, Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Туркманистон — дар ҳамаи ин кишварҳо дар иқтисод бахши давлатӣ авлавият дорад ва бахши хусусӣ мизони андаки тавлидотро анҷом медиҳанд.

Ба капитализми давлатӣ ҳамчунин Қирғизистон ва Тоҷикистон низ тавваҷӯҳ доранд, вале ба далили мизони пойини рушди иқтисодӣ, ин навъи сохтор дар онҳо нисбатан сустар зуҳур кардааст.

Мизони баландтари тавлидоти нохолиси миллӣ бо дарназардошти тавони харидории аҳолӣ дар Литва — $26 700, Эстония — $26 555, Русия — $24 764, дар Қазоқистон ин нишондод муъодили $24 144, дар Латвия — $23 904, дар Белорус — $18 178, Озарбойҷон — $17 943, дар Туркманистон — $14 175, Украина — $8 240, Гурҷистон — $7 665, дар Арманистон — $7 365, дар Ӯзбекистон — $5 564, дар Молдова — $4 830 ва дар Қирғизистон — $3 385 мебошад.

1
Барчаспҳо:
тавлидоти нохолиси миллӣ, иқтисоди Тоҷикистон заиф аст, гузориши тоза дар бораи вазъи иқтисоди Тоҷикистон, Forbes-Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Русия, Литва, Эстония, Тоҷикистон
Мавзуъ
Русия барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон 7 млн. доллар медиҳад