Алексей Кудрин. Акс аз бойгонӣ

Вазири собиқи молияи ФР: саҳми Русия дар иқтисоди ҷаҳонӣ коҳиш меёбад

0
(Таҷдидшуда 16:13 16.04.2015)
Собиқ муовини аввали нахуствазир, вазири пешини молия Алексей Кудрин изҳор дошт, ки Русия бо камбуди сармоягузорӣ ба раванди фанноварӣ рӯбарӯ аст ва ин амр метавонад ба коҳиши мизони дифоъии кишвар мунҷар шавад.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Мизони муттавасити рушди тавлидоти нохолиси миллии Русия дар солҳои минбаъда, дар давраи дуввуми раёсати ҷумҳурии Владимир Путин то соли 2018 ҳудуди 1,5% дар муқоиса бо 7% давраи аввали раёсати ҷумҳуриаш мешавад, ки боиси коҳиши саҳми иқтисоди Русия дар ҷаҳон мегардад, гуфт Алексей Кудрин ҳангоми "Муколамаи мустақим"-и раиси ҷумҳур бо сокинони кишвар.

"Замони аввали раёсати ҷумҳурии Шумо бо ин нукта фарқ дошт, ки мизони рушди иқтисодӣ ба сурати муттавасит 7% солона буд ва он замон арзиши як бушка нафт ҳудуди 30 доллар буд, — муроҷиат кард вай ба Путин. — Вале дар ин давраи раёсат ҳатто бо дарназардошти арзиши нафт агар он 65-70 доллар шавад ҳам, мизони рушди иқтисод 1,5% солона мешавад".

"Дар қиболи солҳои пастравӣ солҳои рушд зарур аст, вале ба ҳисоби миёна рушди тавлидоти нохолиси миллӣ 1,5% мешавад, яъне ин пойинтар аз мизони рушди иқтисод дар ҷаҳон мебошад ва саҳми иқтисоди Русия дар ҷаҳон пойин меравад", — зикр кард вай.

Ба эътиқоди вай ин амр бозгӯйи ин нукта аст, ки Русия бо камбуди сармоягузорӣ ба раванди фанноварӣ, тағйири таҷҳизот мувоҷеҳ мешавад ва ин амр ба коҳиши зарфияти мудофъавии кишвар мунҷар мешавад.

"Ва чизе ки мо нагуем, ки мо метавонем ва паси сар мекунем ин мушкилотро, вале арқоме ки ман гуфтам (1,5% рушди тавлидоти нохолиси миллӣ — тавзеъи идора) амали тақрибан воқеъуфтода аст", — гуфт Кудрин.

0
Барчаспҳо:
муколамаи мустақим бо сокинон, коҳиши нархи нафт, буҳрони Русия, изҳори назар, собиқ вазири молия, раёсати ҷумҳурӣ, Алексей Кудрин, Владимир Путин, Русия
Мавзуъ
Президенти Русия ба саволҳои сокинон мустақим ҷавоб медиҳад
Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
DW: нигаронии Ғарб аз таҳримот алайҳи Русия
СИПРИ: ИМА ва Русия - бузургтарин кишварҳои содиркунандаи аслиҳа
Михаил Касянов аз таҳримоти Ғарб алайҳи Русия ҳимоят мекунад