Додситонии кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулл: манфиатдорон қимати долларро боло мебаранд

0
Додситонии кулл бо пахши изҳороте иллатҳои болоравии қимати доллар дар кишварро шарҳ дод. Ин ниҳод мегӯяд, бештар афроди манфиатдор ба таври сунъӣ қимати асъори хориҷиро боло бурдаанд.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, қимати асъори хориҷӣ, бахусус доллар дар баробари пули миллии сомонӣ ба таври сунъӣ аз тарафи "манфиатдорон" боло бурда шудааст, навиштааст АМИТ "Ховар".

"Таҳлилҳо нишон доданд, ҳарчанд дар баъзе мавридҳо вазъи бавуқуъомада ба омилҳои иқтисодӣ, бахусус таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дар партави он ба бозори молу маҳсулот алоқамандӣ дошта бошад, дар боқимонда мавридҳо нархи он ба таври сунъӣ аз ҷониби нафарони алоҳидае, ки ба чунин намуди фаъолият машғуланд, бахусус нуқтаҳои фурӯши асъор боло бардошта шудааст", — мегӯяд ин ниҳоди интизомӣ.

Додситонии кулл дар зимни баёнияе ин ҳарфҳоро ироа карда ва афзудааст, дар пайи санҷиши муштараки онҳо бо намояндагони кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти умури дохилӣ дар рӯзҳои охир "ҳудуди 200 ҳолати қонунвайронкунӣ дар марвиди фурӯши асъори хориҷӣ ошкор шудааст."

"Нисбати тамоми нафароне, ки ба чунин қонунвайронкуниҳо даст зада, манфиатҳои худро аз манфиати давлату дигарон боло дониста, бо роҳҳои сунъӣ арзиши пулро мебардоранд, тамоми тадбирҳои бо қонун пешбинигардида андешида шуда, масъалаи бозхонди иҷозатномаҳои барои чунин намуди фаъолият машғул шудан ва манъи фаъолияти онҳо баррасӣ мешавад", — омадааст дар баёнияи додситонӣ.

0
Барчаспҳо:
бозори арз, сунъӣ, бозхонд, иҷозатнома, санҷиш, таҳқиқ, манфиатдорон, баёния, болоравӣ, қурби доллар, Додситонии кулли Тоҷикистон, Душанбе