Бинои Созмони байналмиллалии молӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ

IFC ба беҳбуди наҳваи қарздиҳӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

2
(Таҷдидшуда 11:52 26.05.2015)
Беҳбуди дастрасии тоҷирон ва ширкатҳои кӯчак ба сармоягузориро аз роҳи содда кардани истифодаи дороиҳои ғайриманқул ба даст овардан имконпазир аст, изҳор доранд дар Созмони байналмиллалии молӣ IFC.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Созмони байналмиллалии молӣ (IFC), ки шомили гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, барои содда кардани истифодаи дороиҳои ғайриманқул барои таъмини қарзҳо ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак мекунад, омадааст дар баёнияи ин ташкилот.

Дар IFC изҳор доранд, ки содда кардани истифодаи дороиҳои ғайриманқул барои таъмини кафолати қарзҳо дастрасии тоҷирон ва ширкатҳои кӯчак ба сармоягузориро беҳбуд мебахшад.

Дар ин созмон зикр мекунанд, ки содда кардани дастарсӣ ба қарзҳо таконе хоҳад буд барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ, ки феълан барои Тоҷикистон амри зарурӣ мебошад.

"Дар Тоҷикистон бештаре аз тоҷирон ва ширкатҳои кӯчак дар ихтиёри худ замин надоранд, ки маъмулан ба унвони гарави қарзҳо истифода мешавад. Истифода аз дороиҳои ғайриманқул, ба таври мисол, таҷҳизот ва ё қарзҳои дигарон ба унвони гарав ба онҳо имкон медиҳад, ки сармоягузорӣ дарёфт кунанд", — тавзеъ доданд дар созмон.

Бад ин манзур ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо IFC ва бо пуштибонии молии ҳукумати Швейтсария қавонини зарурӣ ва феҳрасти доду ситад дар Тоҷикистонро таҳия мекунанд, ки дастрасии тиҷорати кӯчак ва муттавасит ба манобеъи қарзиро фароҳам мекунад.

Дар Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон зикр мекунанд, ки дар кишвар ниёз барои таъсиси шароити муносиб барои рушди қарздиҳӣ бо гарави амволи ғайриманқул ва истифодаи онҳо барои тавсеъаи дастрасӣ ба молиёт вуҷуд дорад.

Ин иқдом ҷузъи тарҳи тақвияти зербаноҳои молӣ дар Осиёи Марказӣ аз сӯйи таҷрибаи ҷаҳонии молиёт ва бозори молии Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки тақвияти зербаноҳои молии Тоҷикистонро ҳадаф дорад.

2
Барчаспҳо:
беҳбуди шароити қарздиҳӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
БҶ дар 6 шаҳри Тоҷикистон хадамоти шаҳриро беҳбуд мебахшад
БҶ барои бозсозии ҷоддаҳои шимоли Тоҷикистон $45 миллион медиҳад
БҶ: сохтмони Роғун бо риояи бархе шартҳо имконпазир аст