Маоши муҳоҷир. Акс аз бойгонӣ

БҶ: интиқолоти пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015 то 40% коҳиш меёбад

2
(Таҷдидшуда 16:35 11.02.2016)
Ба рушди иқтисодии Тоҷикистон коҳиши мизони интиқолоти пулӣ, коҳиши талабот ва бадтар шудани шароити тиҷорат дар кишвар асароти номатлуб мегузоранд.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар соли 2015 рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон то 3,2% коҳиш ёфта дар ин амр коҳиши интиқолоти пулӣ то 40% нақши калидӣ хоҳад дошт, омадааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

Коҳиши интиқолоти пулӣ, талабот ва бадтар шудани шароити тиҷорат дар рушди иқтисодии Тоҷикистон асароти номатлуб мегузоранд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр мешавад, ки суръати рушди тавлидоти нохолиси миллӣ дар соли 2014 то ба 6,7% дар муқоъиса бо соли 2013, ки 7,4% буд, коҳиш ёфтааст, ки ба далели коҳиши мизони интиқолоти пулӣ аз Русия, коҳиши талаботи ва арзиши маҳсулоти содиротӣ ба гунаи панба ва алюминий сурат гирифтаанд.

"Суръати таваррум бо дарназардошти уфти қурби сомонӣ, афзоиши қиммати маҳсулот ва хадамот рушд кард ва дар авохири соли 2014 ба 7,4% дар муқоъиса бо 3,7% соли пеш расид", — тавзеъ додаанд муаллифони гузориш.

Онҳо ҳамчунин таъкид мекунанд, ки иқдомоти посухии сиёсати иқтисордии Тоҷикистон ҳамчунон яксон нестанд.

Дар бахши сиёсати будҷа ҳукумат ҷонибдории худро барои масрафи бомаром тавассути мушшахассозии авлавиятҳо ва ҳифзи махориҷи иҷтимоӣ руйи кор гирифта махорҷи аҳамияти умда надоштаро ба ақаб гузошт.

Дар мавриди сиёсати қурбӣ Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба фишорҳо вокуниш карда ба коҳиши танзимшавандаи қурби пули миллӣ ва роҳандозии назорати маъмурӣ дар бозори арз иҷоза дод.

"Ин иқдомот ба коҳиши бе ин ҳам маҳдуди имкониятҳои БМТ ва таъсиси нукоти зиёди табодули арз мунҷар шуд", — зикр шудааст дар гузориш.
Ахиран БМТ коҳиши сареъи қурби расмииро ба манзури яксон кардани он бо қурби бозор иҷоза дод, вале зикр мешавад, фосила миеёни ин ду қурб ҳамчунон ҳудуди 5% аст ва назорати маъмурӣ дар бозори арзӣ ҳамчунон боқӣ мондааст.

Бонки ҷаҳонӣ машварат медиҳад

Рушди иқтисодӣ дар бархе аз кишварҳои шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон назири Туркия, Чин ва Қазоқистон коҳиш меёбад ва камбуди талабот қиммати панба ва алюминиюм, колоҳои аслии содиротиро дар сатҳи пойин нигаҳ медорад.

Эҳёи рушд барои миёнамуддат бо дарназардошти сиёсати бозгӯйи макроиқтисодӣ ва мизони қобили таваҷҷӯҳи ислоҳоти сохторӣ пешбинӣ мешавад. Рушди иқтисодӣ бояд ба сурати мунназам дар соли 2017 оғоз ёбад, ҳарчанд дар сатҳи андак дар муқоъиса бо омори таърихии солҳои ахир.

Барои рафъи вобастагӣ Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳад, ки ислоҳоти шароити тиҷоратро якҷо бо ислоҳи кулли бахши давлатӣ оғоз кунад.

"Вазифаи аслӣ рафъи осебпазири бахши молиёт ва таъмини мудирияти сареъи корхонаҳои давлатӣ мебошанд", — мегӯянд дар БҶ.

Ба ҷуз аз ин, вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати кишвар барои кӯтоҳмуддат ва мӯҳлати муттавасит пуштибонии сиёсати мусоъидат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахши хусусӣ мебошад. Зеро ин амр дар таъмини ҷойи кор барои муҳоҷирони бармегашта нақши калидӣ хоҳад дошт.

Барои таъмини равандҳои мунназами коҳиши мизони фақр ва афзоиши вазъи молии аҳолӣ, ки дар солҳои ахир ба даст омадааст, ҳукумати кишварро зарур аст, ки дастрасии аҳолӣ ба маориф, таъмини об, корез ва гармиро таъмин кунад.

2
Барчаспҳо:
гузориши вазъи иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
БҶ дар 6 шаҳри Тоҷикистон хадамоти шаҳриро беҳбуд мебахшад
БҶ барои бозсозии ҷоддаҳои шимоли Тоҷикистон $45 миллион медиҳад
БҶ: сохтмони Роғун бо риояи бархе шартҳо имконпазир аст
СБП таварруми дурақама дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад
СБП: тарҳи Роғун боиси танишҳо дар ҶТ шуда метавонад
БОР мегӯяд, таваррум дар ҶТ дар соли 2015 ба 10 дарсад баробар мешавад
БОР дар татбиқи чораҳои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон ба ҶТ кӯмак мекунад