СБП: мақомоти Тоҷикистон бояд аз фишор боло қурби сомонӣ даст кашанд

© Sputnik / Амир ИсаевНуқтаи мубодилаи арз дар Душанбе
Нуқтаи мубодилаи арз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони СБП машваратҳои худ ба ҳукумати Тоҷикистон мабнӣ ба тақвияти бозори арз, беҳбуди вазъи сармоягузорӣ ва коҳиши бастагӣ аз интиқолоти пулии муҳоҷирони кориро ироъа кардаанд.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раҳбарияти Сандуқи байналмиллалии пул ба Тоҷикистон машварат медиҳад, ки аз фишорҳои маъмурӣ ба қурби сомонӣ даст кашад, омадааст дар гузориши тозаи ҳайъати СБП, ки фаъолияти худ дар Тоҷикистонро анҷом дод.

"Осебпазири Тоҷикистон бо дарназардошти коҳиши ниёзи хориҷӣ ба колоҳои содиротӣ ва коҳиши интиқолоти пулӣ бештар шудааст, ҳарчанд мудирони иҷроия аз пешрафтҳои чашмраси Тоҷикистон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ истиқбол мекунанд", — зикр шудааст дар гузориши СБП.

СБП аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки иқдомоти сареъ барои таъсиси захойири будҷавӣ рӯйи даст бигирад, ки ба тақвияти дурнамои рушди миёнамӯлат дар кишвар мунҷар мешавад.

Бахши бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СБП коҳиши 30% мизони интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ кард

Ба ҷуз аз лағви фишори маъмурӣ ба қурбҳо СБП ба Тоҷикистон машварат медиҳад, ки аз таҳаввулоти изофӣ дар бозори арз ҷилавгирӣ кунад, маҳдудиятҳо барои ҳамалоти арзиро лағв карда захойири тилло ва арзро афзоиш бидиҳад.

Мудирони СБП ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳанд, ки қарзи хориҷии худро афзоиш надода ба сармоягузории боимтиёз ва кӯмакҳои молӣ авлавият бидиҳад, то аз фишори изофӣ ба будҷа монеъ шаванду мизони қарзҳои хориҷиро дар сатҳи қобили қабул нигаҳ доранд.

"Мо аз мақомот даъват мекунем, ки ба самти ислоҳоти ҷиддии сохторӣ қадам гузоранд, то Тоҷикистон аз шакли феълии рушд ба шакли ҷадид бигзарад. Агар иқдомоте барои беҳбуди зербаноҳо, иттихози дониш бо дарназардошти ниёзи иқтисод сурат бигираду шароити тиҷорат содда карда шавад, ин ҳама шароити сармоягузорӣ дар кишварро беҳтар карда бастагии Тоҷикистон аз интиқолоти пулӣ, ки феълан муҳаррики аслии рушди иқтисодии кишвар мебошад, коҳиш медиҳад", — зикр шудааст дар гузориш.

Пешбиниҳои СБП

Рушди тавлидоти нохолиси милли то 6,7% дар соли гузашта нисбати 7,4% соли 2013 коҳиш ёфт. Дар соли 2015 суръати рушд то 3% бо дарназардошти коҳиши интиқолоти пулӣ бо доллар коҳиш меёбад.

Қурби пули миллӣ дар қиболи доллари ИМА бо вуҷуди талошҳои Бонки миллӣ барои ҷилавгирӣ коҳиш ёфт. Ин ҳама боъиси он мешавад, ки дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон мизони таваррум 11,7% мешавад.

Лентаи хабарҳо
0