Парчами Юнон. Акс аз бойгонӣ

Вукалои парлумони Юнон аз қарордод бо қарздиҳандагон пуштибонӣ карданд

4
(Таҷдидшуда 09:58 16.07.2015)
Тарҳи қонуне, ки онро вакилони порлумони Юнон тасвиб карданд, барои дарёфти қарзҳои ҷадид имкон дода шароити бозсозии иқтисоди кишвар барои берун рафтани он аз бӯҳронро фароҳам мекунад.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бештаре аз вукалои парлумони Юнон аз тарҳи қарордод бо қарздиҳандагони аврупоиро, ки онро нахуствазир Алексис Тсипрас баъд аз бозгашт аз Вена ба баррасӣ гузошт, пуштибонӣ карданд.

Аз 300 нафар вакилон ба "ҷонибдорӣ" 229 вакил райъ дода, 64 нафар "мухолиф" шуданд ва 6 нафари дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Тарҳи қонунро бештаре аз вакилони эътилофи аҳзоби ҳокими СИРИЗА ва "Юнониҳои мустақил" (АНЭЛ) ва ҳамчунин вакилони мухолифи "Демократияи ҷадид", ПАСОК ва "Потами" ("Рӯдхона") ҷонибдорӣ карданд. Вакилон аз ҳизби Коммунисти Юнон ва ростгарои мутлақи "Субҳи тиллоӣ" мухолифи ин қарордод шуданд.

Дар миёни "мухолифони" ин тарҳи қонун вакилон аз СИРИЗА — вазири энержӣ Панайотис Лафазанис, собиқ вазири молия Яннис Варуфакис, муовини вазири молияи ба истеъфо рафта Надя Валавани, муъовини аввали вазири тандурустӣ Димитрис Стратулис, муъовини аввали вазири дифоъ Костас Исихос буданд. Ҳудуди 30 нафар вакилон аз СИРИЗА мухолифи ин тарҳ шуда чанд нафари дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

4
Барчаспҳо:
натоиҷи раъйдиҳӣ дар порлумони Юнон, эътилофи аҳзоби ҳокими СИРИЗА, Алексис Тсипрас, Юнон
Мавзуъ
Батлер: мушкили Украина аз мушкили Юнон сангинтар доман мезанад
Рақсу бозии сокинони Афина баъд аз анҷоми ҳамапурсии Юнон
Вазорати молияи Юнон: ИА барномаи ҷадиди бозсозиро таъйид кард
Юнон маблағҳоро бозпас намедиҳаду ҳамапурсӣ баргузор мекунад
Муносибати аврупоиҳо ба қарзи Юнон
Пирӯзии СИРИЗА дар интихоботи парлумонии Юнон