Баҳор дар кӯҳистони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Зокиров мегӯяд, дар вилояти Суғд 70 дарсади ҳосил аз даст рафтааст

1
(Таҷдидшуда 12:52 16.07.2015)
Маблағи дақиқи хисорот аз тағйири ҳаво ҳоло шуморида мешавад ва дар вазорати кишоварзӣ танҳо бар ин умеданд, ки ин амр ба вазъи иқтисодии муштариён таъсири сангине дар пай нахоҳад дошт.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Резиши барф дар авохири моҳи март ва сардиҳои ғайримаъмулӣ дар ин фасли сол дар вилояти Суғд хисороти чандин миллионӣ ба бахши кишоварзии ин минтақа гузоштааст, гуфт имрӯз дар нишасти матбӯъотӣ вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров.

Кишоварзони шимоли кишвар дар пайи сардиҳои 12 дараҷагӣ, ки тӯли 3-4 рӯзи ахири моҳи март ҳукмфармо буд, 70% ҳосилро аз даст доданд.

Ба гуфтаи вазир то ҳол маблағи дақиқи хисорот аз ин тағйири вазъи ҳаво дақиқ нашудааст.

"Шумориш аз сӯйи коршиносон то ҳол идома дорад, вале феълан рӯшан аст, ки ҳосили 32-34 ҳазор гектар боғоти меваҳои донагӣ, умдатан зардолу маҳв шудааст. Қисман ҳосили донагиҳо, аз ҷумла гандум низ талаф ёфтааст", — гуфт вай.

Зокиров зикр кард, ки чунин вазъ ҳатман дар натоиҷи солонаи ҷамъоварии ҳосил таъсир мегузорад, вале изҳори умедворӣ кард, ки ин амр ба вазъи иқтисодии муштариён чандон асар нахоҳад гузошт.

Ҳавои сард дар авохири моҳи март замоне побарҷо шуд, ки дарахтони мевадиҳанда дар шимоли кишвар гул карда буданд. Талафи ҳосили соли ҷорӣ ба аз даст рафтани танҳо манбаъи суди кишоварзони ин минтақа мунҷар шуд.

Аммо бо вуҷуди ин нукта тибқи иттилоъи сомонаи ҳукумати вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2015 мизони умумии тавлидоти кишоварзӣ дар минтақа дар муқоъиса бо соли 2014 ба 4,4% афзоиш ёфта 1 миллиард сомониро ташкил додааст.

1
Барчаспҳо:
хунукии аз ҳад зиёд, резиши баҳории барф, хисороти сардиҳои баҳорӣ, вазорати кишоварзӣ, Маҳмадтоир Зокиров, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кашфи 31,5 ҳазор ниҳоли бангдона дар як хоҷагии деҳқонии вилояти Суғд
Барфи ғайриинтизор дар навоҳии Суғд