Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода

Вазорат: Куриёи ҷанубӣ барои муҳоҷирони корӣ ҷойгузини Русия мешавад

5
(Таҷдидшуда 16:58 16.07.2015)
Бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия коршиносони вазорати меҳнатро водор сохт, ки барои пайдо кардани масири дигар ба самти шарқ нигаҳ кунанд ва онҳо Куриёи ҷанубиро беҳтарин кишвар донистанд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ба далели бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия вазорати меҳнати ҶТ Куриёи ҷанубиро ба унвони кишвари ҷойгузини барои муҳоҷирати корӣ ба баррасӣ гирифтанд, гуфт имрӯз ба хабарнигорон раҳбари ин ниҳод Сумангул Тағойзода.

Ба гуфтаи вай ин мавзӯъ ахиран дар дидор бо ҷониби Куриё матраҳ шуд, вале ба далели он ки ин кишвар ҳоло барои Тоҷикистон ҷойҳои кории озод наметавонад пешниҳод кунад, ҳалли ин масъала фурсат мехоҳад.

"Русия танҳо кишварест, ки то ҳол ба нерӯи зиёди корӣ аз хориҷи кишвар ниёз дорад. Ахиран бӯҳрони иқтисодӣ ва қавоиди ҷадиди муҳоҷиратии Русия ба бозгашти муҳоҷирони кории мо мунҷар шуд, вале ба вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ чандон таъсир нагузошт", — зикр кард Тағойзода.

Вале, изофа кард вай, агар бозгашти муҳоҷирон афзоиш ёбад, Тоҷикистон мавзӯъи пайдо кардани кишвари ҷойгузини Русияро баррасӣ мекунад ва эҳтимолан Куриёи Ҷанубӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик метавонад ин ҷойгоҳро касб кунад.

Ба гуфтаи муоовини вазир Нурулло Маҳмадуллоев тарҳи қарордод бо Куриёи ҷанубӣ таҳия шуда феълан дар баррасӣ қарор дорад.

"Мо вобаста ба шароити муҳоҷиратӣ, ниёз ба нерӯи корӣ ва таҷрибаи ҳамкориаш дар ин замина бо кишварҳои дигар Куриёи Ҷанубиро барои музокирот интихоб кардем. Албатта Курия наметавонад мисли Русия теъдоди бузурги муҳоҷирони кории тоҷикро пазироӣ кунад, аммо қисме аз онҳо дар ин кишвар бо кор таъмин хоҳанд шуд", — тавзеъ дод дар сӯҳбат бо Sputnik муъовини вазир.

Ҳамчунин ба гуфтаи вай зимни интихоби кишвари ҷойгузин барои муҳоҷирони корӣ аз сӯйи вазорат ба мизони маоши кор дар Куриёи Ҷанубӣ аҳамият медиҳад, зеро ин мавзӯъ Русияро барои муҳоҷирати кории атбоъи тоҷик дар ҷойгоҳи аввал қарор додааст.

"Дар Русия шаҳрвандони мо ҳар моҳ ба сурати миёна $500 дарёфт мекунанд. Ба ин далел ҳама талош мекунанд ба ин кишвар бираванд. Ҳарчанд мо бо Қазоқистон ва Белорус равобити хубе эҷод кардаем, вале муҳоҷирон ҳамчунон ба сафари Русия авлавият қоиланд", — зикр кард Маҳмадуллоев.

Ба иттилоъи вай дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои муҳоҷирати корӣ ба Қазоқистон 5372 нафар, ба Белорус ҳамагӣ 300 нафар ва ба Русия 331 ҳазору 253 шаҳрванди Тоҷикистон сафар кардаанд.

"Барои шаҳрвандони мо ҷойгузини беҳтарин барои муҳоҷирати корӣ кишварҳои ИДМ шуда метавонистанд. Зеро шаҳрвандони мо бо шароити ин кишварҳо созгор буда мушкили забонӣ надоранд, вале маош дар Белорус ҳадди ниҳоияш $300 аст, ки атбоъи моро қонеъ намесозад", — гуфт муъовини вазир.

Ба ҷуз аз ин ба гуфтаи вай дар ин кишварҳо ҷойҳои кории озод хеле андак аст, ба унвони мисол дар Қазоқистон ҳамагӣ 80 ҳазор ҷойи кории холӣ вуҷуд доранд. Ба ин далел ин кишварҳо наметавонанд барои Тоҷикистон ҷойгузин шуда тавонанд. Дар Куриёи ҷанубӣ бошад ҷойҳои кории холӣ бамаротиб бештар буда мизони маош низ баландтар аз Русия аст.

Ба гуфтаи муъовини вазир мушкили забонӣ ҳалшаванда аст, зеро вазорат қабл аз оғози музокирот бо Куриёи ҷанубӣ таҷрибаи ҳамкории вай бо кишварҳои дигарро омӯхтааст. Барои муҳоҷирони корӣ дар он ҷо давраҳои омӯзиши забонӣ таъсис дода мешаванд, то онҳо тавонанд ҳатто агар озодона ҳам набошад, вале ба сурати зарурӣ муъошират карда тавонанд.

5
Барчаспҳо:
оғози музокирот бо Куриёи Ҷанубӣ барои эъзоми муҳоҷирони корӣ, вазорати меҳнати Тоҷикистон, Нурулло Маҳмадуллоев, Сумангул Тағойзода, Куриёи Ҷанубӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад