Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ

Нахуствазир: аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт пешгирӣ бояд кард

3
(Таҷдидшуда 08:49 26.08.2015)
Ҳадаф аз ҷаласаи ҳукумат “татбиқи нишондиҳандаҳои асосии Паёми президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ доир ба тақвияти иқтидори истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда ва дастгирии соҳибкорӣ” гуфта мешавад.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи рӯзи гузаштаи ҳукумат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони соҳаро муваззаф кардааст, ҷиҳати коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар тадбир андешанд, менависад АМИТ Ховар.

Ин ҷаласа дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, нахуствазири Тоҷикистон ба масъулин дастур додааст, барои "таъмини мунтазами бозори истеъмолии кишвар бо захираҳои молӣ бо истифода аз имконоти дохилӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, таъмини бемайлони талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд.

Оқои Расулзода ба истифодаи ҳатмии захираву имкониятҳои мавҷуда дахл карда, ба роҳбарони идораҳо супориш додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони молиявӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ба сарфи беҳудаи маблағ роҳ надиҳанд.

Ҳадаф аз ҷаласаи ҳукумат "татбиқи нишондиҳандаҳои асосии Паёми президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ доир ба тақвияти иқтидори истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда ва дастгирии соҳибкорӣ" гуфта мешавад.

Баргузории ин ҷаласа дар ҳолест, ки ахиран бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 9 протоколе тасвиб шуд, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кардааст, маблағҳои буҷети давлатиро танзим ва назорат намоянд.

Бино ба қавли масъулини Вазорати молия, протоколи мазкур бо назардошти буҳрони молиявӣ таҳия шуда, дар он таъкид мешавад, ки ҷиҳати таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ, сарфаю сариштакорӣ роҳ надодан ва исрофкорӣ мунтазам чораандешӣ намоянд.

 

3
Барчаспҳо:
тасмими ҳукумат, ҷаласаи назди сарвазир, кам кардани шиддати таъсири кризис, ҷилавгирӣ аз бӯҳрон, Ҳукумати Тоҷикистон, нахуствазири Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Қоҳир Расулзода, Душанбе, Тоҷикистон