Маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмиллалии ҳавонавардии МАКС-2015

Die Welt: дар намоишгоҳи ҳавоии МАКС Русия ба самти Шарқ рӯй гардонид

2
(Таҷдидшуда 17:10 26.08.2015)
Нашрияи олмонӣ зикр мекунад, ки дар намоишгоҳи нахустине, ки баъд аз роҳандозии таҳримот алайҳи Русия сурат мегиранд, куллияи маворид тағйир ёфтааст: атрофиёни сиёсӣ, вазъи амниятӣ, рақобат дар бозор, феҳрасти дӯстон ва душманон.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Русия харидорони васоили ҳавонавардии худро ҳамакнун дар Чин, Ҳинд ва Ховари Наздик меҷӯяд, иқтибос овардааст РИА Новости аз шарҳи нашрияи олмонии Die Welt дар робита ба ифтитоҳи намошгоҳи ҳавонавардии МАКС-2015 дар Жуковский.

"Дар соли ҷорӣ Путин бо виқор ҷангандаҳои русӣ, чархболҳо, мушакҳо ва васоили зиддимушакиро муъаррифӣ мекунад. Дар миёни меҳмонони ин намоишгоҳи ҳавонавардӣ шоҳи Ӯрдун ва шоҳзодаи Арабистони Саъудӣ қарор доранд", — вазъиятро тавзеъ додааст хабарнигори олмонӣ.

Раиси ҷумҳури ФР В.Путин аз намоишгоҳи ҳавонавардии МАКС-2015 дидан кард
Алексей Дружинин
Раиси ҷумҳури ФР В.Путин аз намоишгоҳи ҳавонавардии МАКС-2015 дидан кард

Барои охирин бор ин намоишгоҳ дар Русия ду сол қабл баргузор шуда буд. Дар ин муддат дар кишвар тағйироти бузурге рух додаанд. "МАКС дар соли ҷорӣ аз намоишгоҳҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳама чиз тағйир ёфтааст: атрофиёни сиёсӣ, вазъи амниятӣ, рақобат дар бозор, феҳрасти дӯстон ва душманон. Ин нахустин намоишгоҳ баъд аз роҳандозии таҳримот алайҳи Русия мебошад.

Барои нахустин бор дар ин намоишгоҳи ҳавонавардӣ ширкатҳои украинӣ ҳузур надоранд, ҳарчанд ду сол қабл онҳо тақрибан 50 ширкат буданд, — навиштааст хабарнигори олмонӣ.

Дар гузашта тавлидоти ҳавонавардии Русия талош мекард ҳамкорӣ бо шарикони ғарбиро роҳандозӣ созад, вале ҳоло дар ин арса "гардиш ба самти Шарқ" бараъло мушоҳида мешавад — дар миёни меҳмонони намоишгоҳи ҳавонаварди намояндагони Чин, Ховари Миёна ва Ҳинд бештар ба назар мерасанд. Аз ҷумла, Арабистони Саъудӣ, ки қаблан васоили низомиро дар ИМА харидорӣ мекард, ҳоло ба чархболҳои низомии русӣ ва муҷтамаҳои мушакии "Искандер" бештар таваҷҷӯҳ дорад. Аз сӯйи дигар ҳатто дар худи ИМА низ тавлидоти кайҳонӣ ба Русия бастагӣ дорад, ёдовар мешавад муаллиф: дар чаҳор соли ахир ҳеҷ яке аз кайҳоннавардони амрикоӣ ба МКС бидуни мусоъидати мушакҳои русӣ парвоз накардааст ва ба муҳаррикҳои тавлидоти Русия то ҳол ҷойгузин пайдо нашудааст.

Намоишгоҳи байналмиллалии ҳавонавардии МАКС 2015. Рӯзи дуввум
© Sputnik / Владимир Астапкович
Намоишгоҳи байналмиллалии ҳавонавардии МАКС 2015. Рӯзи дуввум
2
Барчаспҳо:
изҳори назари расонаи олмонӣ, намоишгоҳи МАКС-2015, Владимир Путин, Русия