Истеҳсолоти АвтоВАЗ. Акс аз бойгонӣ

“АвтоВАЗ” мехоҳад тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид шавад

15
(Таҷдидшуда 14:43 18.07.2016)
Директори генералии ширкат Николя Мор дар нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Толятии русия баргузор гардид, ба рӯзноманигорони Қазоқистон иброз дошт, ки мехоҳад Қазоқистонро чун майдони интиқоли маҳсулот ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ-Қирғизистон ва Тоҷикистон истифода барад.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ширкати бузургтарини мошинбарории Русия "АвтоВАЗ" мехоҳад маҳсулоти худро тариқи Қазоқистон ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад, иттилоъ медиҳад торномаи Forbes Қазоқистон бо такя ба директори генералӣ Николя Мор.

Мор зимни нишасти хабарӣ қайд намуд, ки Қазоқистон ба Русия хеле наздик аст ва 17,5 миллион аҳолӣ шумораи кам нест. Ин кишвари бузург аст ва мардум барои ба ҷои кор рафтан, сайёҳат кардан, барои оила ба мошин эҳтиёҷ доранд.

"Ҳадафи аввал-дар бозори дохилии Қазоқистон аз ҳама қавӣ будан. Дуюм-истифодаи Қазоқистон чун майдони интиқоли маҳсулот ба дигар кишварҳои  Осиёи Марказӣ-Қирғизистон, Тоҷикистон, мумкин ба давлатҳое, ки дар он тарафи баҳри Каспий қарор доранд, масалан Гурҷистон",-изҳор дошт Мор дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорони Қазоқистон, ки дар шаҳри Толяти (Русия) баргузор гардид.

Маълум шуд, ки айни ҳол дар Уст-Каменогорск сохмони корхонаи  "Азия Авто Казахстан" дар  якҷоягӣ бо ТОО "Бипэк Авто Казахстан" ва ОАО "АвтоВАЗ" идома дорад.

Чунин корхонаи ҷадид майдони бузургтарин барои истеҳсоли мошинҳои навъи Lada берун аз қаламрави Русия хоҳад шуд. Мошинҳои корхона бояд ба Русия (Урал, Сибир, дигар вилоятҳои дурдасти ФР), Осиёи Марказӣ, Муғулистон ва минтақаҳои паси Кафказ интиқол дода шаванд.

15
Барчаспҳо:
ширкати мошинбарорӣ, ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ширкати "АвтоВАЗ", Николя Мор, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия