Бинои ширкати Telia Company. Акс аз бойгонӣ

Пешниҳоди халос шудан аз тафтишот барои Telia, пардохти 1,4 миллиард доллар

15
(Таҷдидшуда 17:49 15.09.2016)
Ба қавли раиси ширкати Telia, 1,4 миллиард доллар хеле маблағи калон аст ва қарор баъди музокирот дар ширкат ва машварат бо ҳукумат қабул хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Мақомоти ИМА ва Нидерланд ба ширкати Telia пешниҳод карданд, ки барои озод шудан аз тафтишот дар Узбакистон 1,4 миллард доллар пардохт намояд, омадааст дар торномаи ширкат.

"Мақомоти ИМА ва Нидерланд шурӯъ аз баҳори соли 2014 амалиёти таърихии Telia-ро дар бастагӣ бо дохил шудан ба бозори  Узбакистон (соли 2007-шарҳ аз идора) таҳқиқ мекунанд. Шоми рӯзи 14 сентябр ширкати  Telia аз мақомотҳои ИМА ва Нидерланд пешниҳоди  шартномаи созишро қабул кардааст. Мактуб  танҳо ахбори умумиро дар бар гирифта, дар он барои ҳалли пурраи қазия пардохти 1,4 миллиард доллар пешниҳод мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Раиси ширкати Telia Марие Эрлинг  пешниҳодро шарҳ дода қайд кард, ки: "Ман борҳо гуфта будам, ки аксари корҳои Telia дар Узбакистон нодуруст ва ғайриахлоқӣ аст ва мо омодаем ҷавобгариро бар дӯши худ бигирем. Мо бо ҳукумати кишвар ҳамаҷониба ин масъаларо ҳал хоҳем кард". Вале ба гуфти ӯ "маблағ хеле калон аст" ва қарор баъди машварат дар ширкат ва музокирот бо ҳукумат қабул хоҳад шуд.

Дар муддати чанд соли охир номи ширкати Telia дар васоити ахбори оммаи шведӣ дар бастагӣ бо ҳамроҳ будан ба ришваситониҳо дар Узбакистон ва Озарбойҷон чарх мезанад.

Чуноне шабакаи телевизионии SVT хабар медиҳад ширкатҳои Telia, Vimpelcom ва МТС дар пардохти ришва ба қадри як миллиард доллар, ки танҳо дар Гиблартар соҳиби як пайомдон буда,  ба духтари собиқ президенти Узбакистон Гулнора Каримова марбут аст, гумонбар мешаванд.

Баъди дар васоити ахбори омма пайдо шудани хабари манфӣ нисбати ширкат роҳбарияти он чандин маротиб иваз карда шуд.

Дар баробари ин соли 2012 прокуратураи Шветсия, соли 2013 мақомоти Нидерланд, соли 2014 бошад дар ду ширкати фаръӣ дар Узбакистон, аз ҷониби вазорати адлияи ИМА тафтишот гузаронида шуд. Ҳамчунин тафтишот дар Шветсария, Норвегия ва Фаронса низ идома дорад.

Хабар дода мешавад, ки пешниҳоди маблағ, ба ширкати шведӣ барои пӯшонидани ришваситонӣ  калонтарин буда, барои созиш дар қазияҳои  ҳамаи кишварҳои дар боло зикршуда, пешниҳод гардидааст.

15
Барчаспҳо:
пардохти 1,4 миллиард доллар, Telia, Марие Эрлинг, Узбакистон