Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода

Вазир: Русия ва Тоҷикистон дар соли 2017 наздиктар мешаванд

174
(Таҷдидшуда 20:08 01.02.2017)
Сафари Владимир Путинро дар Тоҷикистон бо як миқдор бастаи созишномаҳо интизоранд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ба қавли вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Русия ба сафари президенти ФР омодагӣ мебинад.

"Як бастаи комили созишномаҳои гуногун, ки ба таҳкими ҳамкорӣ бо шаҳрҳои бузурги Русия равонаанд барои имзо мавриди таҳия қарор дорад. Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон нақши бузург дорад ва 26%-ро ташкил медиҳад", — гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар сӯҳбат бо радиои Sputnik.

Ба қавли ӯ имсол аз бӯҳрони иқтисодӣ баромадани Русия ба хубӣ ҳис мешавад ва ин ба фазои иқтисодии Тоҷикистон албатта таъсири мусбат хоҳад дошт.

"Ин амалиёти муайян аст. Ҳа, баъзе аз ширкатҳо баста шуданд, вале боз сармоягузорӣ пайдо мешаваду фабрикаҳои нав ба кор медароянд",-бовар дорад вазир.

Иқтисоди берунаи Тоҷикистон
Иқтисоди берунаи Тоҷикистон
174
Барчаспҳо:
созишномаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҳукумати Тоҷикистон ба Владимир Путин даҳҳо ҳуҷҷат омода месозад
Песков дар бораи вохӯрии Путин ва Мирзиёев хабар дод
Грозин: Путин бори дигар ба Раҳмон ЕврАзЭС-ро хотиррасон мекунад
Владимир Путин рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меояд