Ҷавоҳирот ва филиззҳои гаронбаҳо: суҳбати раисҷумҳур бо нахусатвазир

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЕреван, архивное фото
Ереван, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди филиззҳои гаронбаҳо ва тавлиди ҷавоҳирот, гардишгарӣ ва фанновариҳои иртибототӣ аз заминаҳои аслии густариши равобити Тоҷикистон ва Арманистон дониста шудаанд

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур 15 июн Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Арманистон Карен Карапетян мулоқот кард.

Бино ба гузориши манбаъ, дар ин мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, саноату сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи табиат баррасӣ шуд. Ду кишвар дар ин заминаҳо беш аз 30 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон хостори густариши равобити дуҷониба ва чандҷониба бо Ҷумҳурии Арманистон шуда, гуфт: "Мо ба ояндаи неки ин равобит ва татбиқи амалии санадҳои имзошуда бисёр умед дорем".

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян 14.06.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Э.Раҳмон таҳкими қонунгузориро дар Тоҷикистон сабаби ваҳдати комил гуфт

Соҳаҳои саноати нассоҷӣ, воридоти фанновариҳои санъатӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди филиззҳои гаронбаҳо ва тавлиди ҷавоҳирот, гардишгарӣ ва фанновариҳои иртибототӣ аз заминаҳои аслии густариши равобити Тоҷикистон ва Арманистон дониста шудаанд.

Ҳамчунин тарафайн алоқамандии ду кишварро ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳуманитарӣ, фарҳангӣ илмиву омӯзишӣ ва роҳандозии равобит миёни фарҳангёни ду кишвар эълом карданд.

Лентаи хабарҳо
0