Пулатонро ройгон иваз кунед: Тоҷикистонро аз пулҳои фарсуда пок мекунанд

© Sputnik / / Игорь ЛекаркинПодсчет денег, архивное фото
Подсчет денег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро вазифадор намудааст, то пулҳои фарсудаи мардумро ба таври ройгон ба пулҳои коршоям иваз кунад

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии БМТ роҳбарияти ин бонк дар бораи поксозии Тоҷикистон аз пулҳои фарсуда ва корношоям қарор қаблул кардааст.

Қарори мазкур 20 июн ҳангоми мулоқоти  муовини раиси БМТ Лола Салимова  бо кормандони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ироа шуд.

Дар ҷаласа масоили гардиши пули нақд ва назорати қатъии риояи талаботҳои он дар ташкилотҳои қарзӣ муҳокима гардид.

Лола Салимова дар рафти ҷаласа гуфт, ки бархе аз ташкилотҳои қарзӣ ҳисоботро оиди муомилоти пули нақд нодуруст пешниҳод мекунанд.

Ӯ намояндагони ташкилотҳои қарзиро ҳушдор дод, ки назорат дар нимсолаи оянда пурзӯр мешавад ва онҳо бояд ба фаъолияти худ ҷиддӣ машғул шаванд.

Дар ин нишаст ҳамчунин тартиби ба муомилот баровардани сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон  баррасӣ шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Лола Салимова эълом кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тоза намудани муомилоти пули нақд аз пулҳои фарсуда ва корношоям, ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро вазифадор намудааст, ки пулҳои фарсудаи мардумро ба пулҳои эмиссионӣ ё коршоям ва тангаҳои филизӣ ба таври ройгон иваз намоянд.

"Маҳз бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро бо пулҳои тоза таъмин намуда истодааст", — гуфтааст Лола Салимова.

Лентаи хабарҳо
0