Вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави ҶТ: ширкатҳои истихроҷи ангишт рекордашонро шикастанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкДобыча угля, архивное фото
Добыча угля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон соли 2017 беш аз 1,7 милюн тон ангишт тавлид шудааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон аз истихроҷи беш аз 1,7 милюн тон ангишт дар соли 2017 дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикТА, ин рақам бештарин миқдори тавлиди ангишт дар торихи Тоҷикистон аст. Пеш аз ин бештарин миқдор 1,384 милюн тон буд.

Захоири ангиштсанг дар Тоҷикистон беш аз 4,5 милёрд тон баровард шудаанд. Ҳамакнун дар Тоҷикистон 18 ширкат ангишт истихроҷ мекунад, ки бузургтаринашон ширкатҳои "Фон-Яғноб", "Талко-Ресурс" "Зиддӣ" ва "Ангишт" ҳастанд. Ин ширкатҳо дар соли 2017 дар кулл 1,5 милюн тон ва дигар ширкатҳо дар кулл 200 ҳазор тон ангишт истихроҷ кардаанд.

Бино ба додаҳои Вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, соли 2014 дар кишвар 870 ҳазор тон, дар соли 2015 беш аз 1,2 милюн тон, дар соли 2016 камобеш 1,4 милюн тон ва дар соли 2017 беш аз 1,7 милюн тон ангишт истихроҷ шудааст. Ширкатҳои Тоҷикистон дар назар доранд дар соли 2018 то 2 милюн тон ангишт истихроҷ кунанд.

Ҳамакнун беш аз 200 ширкат дар Тоҷикистон ангиштро ҳамчун маводи сӯхт ба кор мебаранд. Бузургтарин масрафкунандаи ангишт дар Тоҷикистон Маркази гарморасонии Душанбе аст, ки беш аз 50 дарсад аз ҳаҷми куллии ангишти истихроҷшударо масраф мекунад.

Лентаи хабарҳо
0