Книга Э. Рахмона Таджики в зеркале истории на французском языке. Архивное фото

Вазорати маориф дастур дод, ки китоби президент омӯхта шавад

142
(Таҷдидшуда 08:48 14.01.2015)
Шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии кишвар дастур гирифтаанд, ки омӯзиши китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и президент Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳ монанд.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Мудирони шуъбаҳои маориф ва раҳбарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и президент Эмомалӣ Раҳмонро дар байни омӯзгорон тарғиб кунанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Дар ин бора фармони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон содир шудааст. Дар фамон гуфта шудааст, масъулин вазифадоранд, ки дар баробари курсҳои омӯзишии компютерӣ ва машғулиятҳои дигар, китоби президентро низ тарғиб намоянд.

Абдуҷаббор Алиев, як масъули вазорати маорифи Тоҷикистон дар шарҳи фармони вазири маориф гуфтааст, ин дастур характери тавсиявӣ дорад ва ба хотири боло бурдани дониши таърихии омӯзгорон равона шудааст

"Барои омӯзгорон, ки дар ин мавсим дар муассисаҳои таълимӣ барои онҳо семинару такмили ихтисос ташкил мешавад, дар баробари корҳои худ, китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-ро хонанд ва мизи мудавварҳо дар ин мавзӯъ ташкил намоянду ҷаҳонбинии худро васеъ кунанд", — афзудааст Алиев.

Ба гуфтаи ин масъули вазорати маориф, китоби президенти кишвар дар тамоми китобхонаҳо вуҷуд дорад ва аксари омӯзгорон низ онро мутолиа кардаанд. Аммо мутолеаи дубора ва шарҳи мӯҳтавои он ба хонандагон, ба гуфтаи ҷаноби Алиев, аз манфиат холӣ нест.

Хондани китобҳои президенти Тоҷикистон, ки теъдодашон аз 20 бештар аст ва ғолибан асарҳои таърихӣ буда аз тамоюлҳои сиёсии гузаштаву имрӯза қисса мекунанд, дар ин кишвар ба фарқ аз кишварҳое мисли Туркманистону Узбакистон то имрӯз маҷбурӣ набуд, вале мутолиаи онҳо дар донишгоҳҳо ва ҳангоми навиштани рисолаҳои дипломиву илмӣ, барои муҳассилин тавсия мешуд.

Китобҳое, ки ба қалами Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд, аз ҷумла  "Тоҷикон дар оинаи таърих" ва "Аз Ориён То Сомониён"- китоби панҷҷилдаи "Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат"-ро дар тамоми китобфурӯшиҳои кишвар пайдо кардан мумкин аст.

Дар идомаи фармони вазорати маориф, рӯйхати китобҳои тавсиявӣ барои хонандагон дар таътили зимистонӣ низ омадааст.

Тавре оҷонсии "Озодагон" менависад, вазорат барои синфҳои аз 1 то 11 рӯйхати мутолиаи китобҳои бадеиро тартиб додааст.

Ин рӯйхат ба ин тартиб аст:

Синфи 1

1. О. Аминзода: «Ман ҳам шудам мактабхон»

2. Н. Бақозода: «Алифбои дилкушо»

3. Н. Бақозода. «Озода шав»

4. А. Бобоҷон: «Мусича»

5. А. Шарифӣ: «Тӯбча»

6. Б. Насриев: «Гурги ланг ва бузичаи доно»

7. «Афсонаҳо», №1, соли 2007

8. С. Айнӣ: «Дар зимистон»

9. С. Султон: «Тоҷи сари мо модар»

10. Б. Раҳимзода: «Муштоқи наврӯз»

Синфи 2

1. А. Баҳорӣ: «Себи тиллоӣ»

2. А. Зулфия: «Зочаи хушрӯи ман»

3. Г. Келдӣ: «Девори сабз»

4. Г. Сулаймонӣ: «Лолаҳои дасти ман»

5. А. Воситзода: «Бачаҳои Баҳор»

6. С. Ҳасанзода: «Шодии Гулбаҳор», ҳикояҳо

7. «Афсонаҳои мардуми Чин», Гулгун, 2003

8. «Ватанам-Тоҷикистон», маҷмӯаи шеърҳо

9. Л.Кеҷаева: «Сандуқчаи марворид»

10. «Чистонҳо», нашри 2004

11. У.Раҷаб: «Нинӣ чӣ ном дорад?»

12. А. Баҳорӣ: «Тирамоҳи зарин»

13. Г. Сулаймонӣ: «Очам хамир мекунад»

Синфи 3

1. Г. Келдӣ: «Борони бесаранҷом»

2. Г. Сулаймонӣ: «Чил кокули бозингар»

3. М. Ғоиб: «Афсона сесона се мурғи дари хона»

4. Н. Розиқ: «Гулбоғ»

5. А. Сидқӣ: «Олимҷон мактабхон шуд»

6. «Парчами Тоҷикистон», маҷмӯаи шеърҳо

7. А. Маҳмадшоҳ: «Моҳак ва Бобоҷон»

8. А. Азиз: «Баҳор омад», маҷмӯаи ҳикояҳо, 2012

9. Нашрияҳои бачагона «Боғи дониш», «Гулгун», 2012

10. «Рангинкамон», моҳномаи адабию фарҳангӣ барои мактаббачагон, 2013

11. А. Лоҳутӣ: «Дӯстӣ» (ду ҳикоя)

12. Г. Сулаймонӣ: «Шаддаи марҷон»

13. М. Миршакар: «Баҳори тобистон»

Синфи 4

1. К. Латофат: «Лолаарӯсак»

2. Б. Мирзо: «Достак»

3. Шайх Баҳоӣ: «Муш ва гурба»

4. Н. Бақозода: «Дафтари мо кони 5»

5. Г. Келдӣ: «Калоба», маҷмуаи ҳикояҳо, 2014

6. Б. Собир: «Хӯша-хӯша, аз ҳар гӯша барои Анӯша», 2013

7. М. Пришвин: «Сӯзанаки кабуд», 1986

8. Латифаҳои халқи тоҷик «Кӯзаи равған», 2010

9. У. Раҷаб: «Чистонҳо», 2013

10. Даниэл Дефо: «Саёҳати Гулливер»

11. М.Бахтӣ: «Қиссаҳои соҳили Сурхоб»

12. А.Шукуҳӣ: «Қиссаи об»

Синфи 5

1. С.Айнӣ: «Аҳмади Девбанд»

2. С.Айнӣ: «Ятим»

3. Ф.Ниёзӣ: «Димаи диловар»

4. А.Самадов: «Паррончакҳо»

5. Ҷ.Суҳайлӣ: «Гилеми кабуд»

6. Афсонаи «Алибобо ва чил роҳзан»

7. Ф.Муҳаммадиев: «Сози мунаввар»

8. «Подшоҳ ва духтари оҳангар», афсона

9. «Кӯзаи равған», афсона

10. Гулчине аз «Гулистон»-и Саъдӣ

11. А. Баҳорӣ: «Аҷоиботи Нодар»

12. «Насиҳат гӯш кун, ҷоно!» Маҷмуаи панду ҳикмат

13. Эраҷ Мирзо: «Қадри модар»

Синфи 6

1.Унсурулмаолӣ Кайковус: «Қобуснома»

2.Ҷумъа Одина: «Иншо дар мавзӯи озод»

3.Даниэл Дефо: «Робинзон Крузо»

4. Ҳ. Карим: «Маҷмӯаи ҳикояҳо»

5. Саъдии Шерозӣ: «Гулистон» (порчаҳо)

6. Носири Хусрав: «Сафарнома»

7. С.Улуғзода: Достонҳои «Шоҳнома», ҷилди 1-2

8. «Синбоди дарёгард» (барои бачагони синни миёна ва калони мактабӣ)

9. «Дувоздаҳ афсонаи халқҳои ҷаҳон» (барои бачагони синни мактабӣ)

10. Р. Киплинг: «Маугли»

11. Восифӣ: Ҳикоятҳо аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»

12. Убайди Зоконӣ: «Рисолаи дилкушо»

13. Фаридуддини Аттор: «Панду андарзҳо»

14. Низомии Ганҷавӣ: «Хайр ва Шар»

15. Ф.Муҳаммадиев: «Тири хокӯрда»

Синфи 7

1. С.Улуғзода: Достонҳои «Шоҳнома»

2. Сайидои Насафӣ: «Баҳориёт»

3. Восифӣ: Ҳикояҳо аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»

4. Убайди Зоконӣ: «Рисолаи дилкушо»

5. С. Улуғзода: «Ривояти суғдӣ»

6. Сорбон: «Ҷӯгӣ»

7. Достони «Бӯрондӯхт ва Искандар»

8. «Саргузашти Ҳотами Той»

9. Ғ. Мирзо: «Шеърҳои бачагона»

10. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Рустам ва Сӯҳроб»

11. С.Улуғзода: «Марги Ҳофиз»

12. Р.Ғамзатов: «Доғистони ман»

13. Ч.Айтматов: «Муаллими нахустин»

14. А.Баҳорӣ: «Сунбула»

15. Л. Шералӣ: «Хоки Ватан», «Забонгумкарда»

16. Абдураҳмони Ҷомӣ: «Баҳористон»

Синфи 8

1. С.Айнӣ. «Исёни Муқаннаъ»

2. С.Айнӣ: «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»

3. С.Улуғзода. «Қисмати шоир»

4. А.Баҳорӣ: «Маҷмӯаи ҳикояҳои фантастикӣ»

5. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: «Ашъор»

6. Низомии Ганҷавӣ: «Хусраву Ширин»

7. С. Турсун: «Се рӯзи як баҳор»

8. М. Турсунзода: «Қиссаи Ҳиндустон»

9. С. Улуғзода: «Достонҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

10. Носири Хусрав: «Сафарнома»

11. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Сиёвуш»

12. Хоқонӣ «Харобаҳои Мадоин» (маҷмӯаи қасоид ва ғазалиёт)

13. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Рустам ва Сӯҳроб»

14. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Ҷанги Рустам бо Исфандиёр»

15. Фирдавсӣ: Достони «Марги Рустам»

16. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Сиёвуш» (бо расмҳои ранга)

17. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Ҷанги Рустам бо Деви сапед»

18. Умари Хайём: «Наврӯзнома»

19. Амир Хусрав: «Дувалронӣ ва Хизрхон»

20. Низомии Ганҷавӣ: «Ҳафт пайкар»

21. Умари Хайём: Рубоиёт

22. Носири Хусрав: «Ашъори баргузида»

23. Абдураҳмони Ҷомӣ: Ғазалиёт

24. Хусрави Деҳлавӣ: «Гулчини ғазалиёт»

25. Саноии Ғазнавӣ: «Маҷмӯаи ашъори панду ахлоқии шоир»

Синфи 9

1.Саъдии Шерозӣ: Куллиёт (иборат аз чаҳор ҷилд)

2. Саъдии Шерозӣ «»Бӯстон»

3. Саъдии Шерозӣ: Гулчине аз «Гулистон»

4. Саъдии Шерозӣ: «Гулистон»

5. Камоли Хуҷандӣ: «Девон»

6. Шамсиддин Шоҳин: Гулчини асарҳо

7. Ҳусайн Воизи Кошифӣ: «Анвори Суҳайлӣ»

8. С.Улуғзода: «Ривояти суғдӣ»

9. Ҳикояҳо аз «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

10. Абдураҳмони Ҷомӣ: «Баҳористон»

11. Абдураҳмони Ҷомӣ: «Юсуф ва Зулайхо»

12. Ҳофизи Шерозӣ: «Куллиёт»

13. Убайди Зоконӣ: «Рисолаи дилкушо»

14. Убайди Зоконӣ: «Мӯш ва гурба»

15. Убайди Зоконӣ: «Мутоибот»

16. С. Улуғзода: Достонҳои «Шоҳнома»

17. А. Афсаҳзод: «Абдураҳмони Ҷомӣ»

18. С. Улуғода: «Восеъ»

19. Ҷалолиддини Рӯмӣ: «Девони кабир»

20. А. Самад: «Паррончакҳо»

21. Алишер Навоӣ: «Хасат-ул-мутаҳайирин»

Синфи 10

1. Аҳмади Дониш: ҳикояҳо аз «Наводир-ул-вақоеъ»

2. Аҳмади Дониш: ҳикоят дар бораи «Шукурбеки дузд»

3. Аҳмади Дониш: Ҳикояҳо аз рӯзгори адибон

4. Аҳмади Дониш: Ҳикояҳо аз сафарҳои Россия

5. Суҳбатҳои Дониш бо донишмандони Россия

6. С.Айнӣ: Восифи ва хулосаҳои «Бадоеъ-ул-вақоеъ»

7. Нақибхон Туғрал: «Ғазалиёти шоир»

8. Шамсиддин Шоҳин: Гулчини ғазалиёти шоир

9. Шамсиддин Шоҳин: Бадоеъ-ус-саноеъ»

10. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ: достони «Комде ва Мадан»

11. Камолиддин Биноӣ: Достони «Беҳрӯзу Баҳром»

12. Абдураҳмон Мушфиқӣ: «Ғазалиёт»

13. Абдураҳмон Мушфиқӣ: «Девони мутоибот»

14. Соиби Табрезӣ: «Девони ғазалиёт»

15. Сайидои Насафӣ: «Мухаммас ва ғазалиёти баргузида»

16. Шавқати Бухороӣ: «Девони ғазалиёт»

17.Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ: Достони «Толибу Матлуб»

18.Фахриддини Гургонӣ: «Вис ва Ромин»

19. Муҳаммад ибни Яъқуб: «Барзунома»

20. Мухтори Ғазнавӣ: «Шаҳриёрнома»

21. Абдулқодири Бедил: достони «Комде ва Мадан»

22. Абдулқодири Бедил: Гулчини рубоиёт

23. Абдулқодири Бедил: «Тасвири табиати кӯҳистони Байрот»

24. Зебуннисо: Ғазалиёт

Синфи 11

1. С.Айнӣ: «Ёддоштҳо», қисми 1-2

2. С.Айнӣ: «Ёддоштҳо», қисми 3-4

3. С.Айнӣ: «Қаҳрамони халқ тоҷик Темурмалик»

4. С.Айнӣ: « Исёни Муқаннаъ»

5. С.Айнӣ: повести «Марги судхӯр»

6. С.Айнӣ: «Мактаби куҳна»

7. С. Айнӣ: «Одина»

8. А.Лоҳутӣ: «Ашъори шоир»

9. М.Турсунзода: Достони «Ҷони ширин»

10. Шеърҳои бачагонаи А.Лоҳутӣ

11. А.Лоҳутӣ: «Ёддоштҳо»

12. А.Лоҳутӣ: «Ашъор»

13. М. Турсунзода: «Қиссаи ҳиндустон»

14. М. Турсунзода: «Ман аз шарқи озод»

15. М. Турсунзода: «Садои Осиё»

16. М. Турсунзода: «Модарнома»

17. М. Турсунзода: достони «Духтари муқаддас»

18. М. Турсунзода: Гулчини ашъор

19. Пулод Толис: «Тобистон»

20. Т. Асирӣ: «Гулчини ашъор»

21. С. Айнӣ: «Марги судхӯр»

22. Ҷ. Икромӣ: «Духтари оташ»

23. Ҷ. Икромӣ: «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»

24. Ҷ. Икромӣ: «Тахти вожгун»

25. Ҷ. Икромӣ, Ҳ.Назаров «Саргузашти Сафармахсум»

26. С. Улуғзода: «Восеъ»

27. А.Лоҳутӣ: «Ғалабаи Таня»

28. Р.Ҷалил: «Шӯроб»

29. Л. Шералӣ: «Модарнома

30. А. Самад: «Гардиши девбод»

142
Барчаспҳо:
рӯйхати китобҳои бадеӣ, китоби президент, китобхонӣ, дастур, вазорати маориф ва илм, Абдуҷаббор Алиев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон