Маркази миллии тестӣ мизбони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкРафти имтиҳон. Акс аз бойгонӣ
Рафти имтиҳон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба фарқ аз солҳои қабл, бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов, имсол Олимпиадаҳои ҷумҳуриявиро Маркази миллии тестӣ баргузор хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Имсол олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагонро на Вазорати маориф ва илм, балки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад, менависад оҷонсии "Озодагон".

Имтиҳон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ММТ: ба ҳеч кас ришва надиҳед

Ба иттилои Эҳсон Хушвахтов, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм дар ин бора фармони вазири маориф Нуриддин Саидов содир шудааст.

Умед Сафаров, муовини раиси Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста дар назди вазорати маориф ба оҷонсӣ гуфтааст, имсол баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рӯзҳои 4-ум ва 5-уми апрел ва аз фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрел ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Сафаров имсол 200 нафар дар озмуни ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 180 нафар дар озмуни фанҳои равияи табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд.

ММТ: арзиши хизматрасонӣ имсол 170 сомонӣ муайян гардид

"Танҳо хонандаҳои синфҳои 11 иштирок мекунанд ва имсол ин озмун дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор хоҳад шуд, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илм шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ дар баробари Маркази милии тестӣ дар баргузории он саҳм мегирад", — афзудааст Сафаров.

Ба уҳдаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудани баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон чанд сару садоро ба вуҷуд овардааст. Баъзе аз хонандагон ва волидайни онҳо мегӯянд, ки дар солҳои пеш, вақте хонанда сазовори ҷойи аввал ва ё 2-юму 3-юм мегардид, онҳо вобаста ба фанне, ки сазовори мақоми ифтихорӣ гаштаанд замони вуруд ба макотиби олӣ дар ихтисоси муртабит аз имтиҳоноти вурудӣ озод мешуданд.

Имсол, Маркази миллии тестӣ мегӯяд, ки тамоми довталабон бояд дар имтиҳоноти ин Марказ ширкат кунанд ва танҳо баъди соҳиб шудан ба холи гузариш имтиёзе, ки ба онҳо вобаста ба ғолибият дар олимпиадаҳо дода шудааст, изофа мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0