Хонандагон дар олимпиадаи байналмиллалӣ бо 10 медал парчами Тоҷикистонро боло карданд

© Фото : Министерство образования РТ / Эхсон ХушвактХонандагони тоҷик дар озмуни байналмиллалии "INFOMATRIX-2017"
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмиллалии  INFOMATRIX-2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар озмуни байналмиллалӣ дар Руминия Тоҷикистонро 10 хонандаи мактабҳои кишвар намояндагӣ карда, бо 10 медал бар гаштанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Аз 27 апрел то 1 майи соли 2017 дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «INFOMATRIX-2017» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он 10 нафар хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Чуноне ки ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсони Хушвақт хабар дод, хонандагони тоҷик аз ин олимпиадаи байналмиллалӣ ба Тоҷикистон бо 10 медал бар гаштанд.

Қайд карда мешавад, ки дар ин олимпиадаи байналмиллалӣ  аз 45 давлати дунё хонандагон 359 лоиҳа пешниҳод кардааанд.

"Дар ҷамъбаст 2 нафар хонандаи тоҷик сазовори медали тилло, 2 нафар сазовори медали нуқра ва 6 нафар сазовори медали биринҷӣ гардида, парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштанд",- қайд карда мешавад дар иттилоия.

Бахтовар Ҳотамов ва дигар иштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ дар Индонезия - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз ҳисоби хонандагон олимпиадарав дар ҷаҳон намоён аст

Дар озмуни байналмиллалӣ аз Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кўдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон»" Алиев Мирзоалӣ ва Ҷонмаҳмадов Ориёншоҳ бо пешниҳоди як лоиҳа сазовори медали тилло, аз Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе Мирзораҷаб Раҷабов ва Сорбон Набиев бо пешниҳоди як лоиҳа сазовори медали нуқра, Анушервон Зубайдуллозода, Саддамбек Бобоев аз Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Ҳамза Норбеков, Асрор Асроров аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода ва Заробиддинзода Мавзуна, Фарзона Бобоҷонова аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Дар маҷмўъ, аз аввали соли 2017 хонандагони тоҷик ба Ватан 73 медал (8 медали тилло, 29 медали нуқра, 36 медали биринҷӣ) овардаанд.

© Фото : Министерство образования РТ / Эхсон ХушвактХонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмиллалӣ
Таджикские школьники в Международном олимпиаде «INFOMATRIX-2017» - Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмиллалӣ
Лентаи хабарҳо
0