Наврӯз Сафаралӣ беҳтарини физики Кӯлоб дониста шуд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкВ лаборатории. Архивное фото
В лаборатории. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наврӯз Сафаралӣ беҳтарин физикдони шаҳри Кӯлоб шинохта шуд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи ҷавонон дар толори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб озмуни "Беҳтарин физики ҷавон" миёни хонандагони дабистонҳои ин минтақа баргузор шуд.

Донишомӯзон дар доираи барномаи таълимии синфҳои  9 — 11 гузаронида рақобат карданд.

Дар озмуни мазкур як нафарӣ аз ҳар як мактаб ширкат карда, аз рӯи 2 давр: имтиҳони тестӣ ва хаттӣ имтиҳон супориданд.

Наврӯз Сафаралӣ — хонандаи синфи 11 литсейи рақами 2 бо гирифтани 91 хол сазовори мақоми аввал шуд. Ҷойи дуюмро хонандаи синфи 10 дабистони рақами 34 Сайидо Юнусов  бо гирифтани 90 хол ва ҷойи сеюмро хонандаи литсейи рақаи 1-и шаҳри Кӯлоб гирифт.

© Фото : Аз равобити умумии Кумитаи ҷавононОзмун дар Кӯлоб
Озмун дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон
Озмун дар Кӯлоб

Ғолибони озмун бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0