Аъзои ҷадиди Фарҳангистон: аз вазири маориф то сухангӯи раисҷумҳур

© SputnikНуриддин Саидзода
Нуриддин Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаро эълом кард

ДУШАНБЕ, 18 июл- Sputnik.  Дар вебгоҳи расмии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон феҳристи ҷадиди академикҳо ва аъзои вобаста нашр шудааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ, унвони академикӣ ба Ҳикмат Муъминов аз рӯи ихтисоси физика, Зарулло Раҳмонов аз математика ва ба Юсуфшо Яқубов аз рӯи ихтисоси таърих дода шудааст.

Дар феҳрасти аъзои нави Фарҳангистони улум, Нуриддин Саид — вазири маориф, Саймумин Ятимов — раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Абдуфаттоҳ Шарифзода — сухангӯи раисҷумҳур ва Раҳимзода Маҳмад Забир — сардори Маркази қонунгузории назди раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.

Бинои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Фарҳангистон: ҳамкорӣ бо ВАК-и Русия аз сар гирифта шуд

Манбаъ номи аъзои нави вобастаи Фарҳангистони улум ва ихтисосашонро эълом кард:

Абдуламонов Қозимамад — генетика, Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич — физикаи назариявӣ, Бадалов Абдулхайр — химияи ғайриорганикӣ, Бобоев Тошбой — физикаи ҳолатҳои конденсӣ, Гулов Саидалӣ Маъмурович — рустанипарварӣ, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин — ботаника ва экология, Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода — шарқшиносӣ.

Идиев Хайридин Усмонович — фалсафаи иҷтимоӣ, Исҳоқов Сулаймон Абунасрович — математика, Кобулиев Зайнолобуддин Валиевич — экологияи муҳити зист, Кӯчаров Аламхон — адабиётшиносӣ, Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна — астрономия, Мадвалиев Умархон — физикаи таҷрубӣ, Мансури Дилрабо — мошинсозӣ, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз — сиёсатшиносӣ, Муҳаммадалӣ Музаффар — антропологияи фалсафӣ, Назарзода Сайфиддин — забоншиносӣ, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин — ҳуқуқшиносӣ.

Пирумшоев Ҳайдаршо — таърих, Раҳимзода Маҳмад Забир — ҳуқуқшиносӣ, Раҳимов Исматулло — химияи дорусозӣ, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло — забоншиносӣ, Саид Нуриддин Саид — антропологияи фалсафӣ, Саидмуродов Лутфилло Ҳабибуллоевич — иқтисод, Саидов Абдусаттор Самадович — зоология, Салиҳов Тағоймурод Хаитович — физикаи назарӣ.

Султонов Мирзоҳасан Баротович — забоншиносӣ, Табарӣ Абдулло Ҳабибулло — математика, Туйчиев Шарофиддин — физикаи ҳолатҳои конденсӣ, Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич — физиология ва биохимияи рустаниҳо, Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб — таърих, Шарифов Худоӣ — адабиётшиносӣ, Ятимов Саймумин Сатторович — сиёсатшиносӣ.

Лентаи хабарҳо
0