Дар Санкт-Петербург беҳтарин донишҷӯёни тоҷикро интихоб карданд

© пресс-служба "МОСТ"Торжественная церемония вручения таджикской национальной премии "Студент года — 2017"
Торжественная церемония вручения таджикской национальной премии Студент года — 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ҷоизаи миллии "Донишҷӯи сол"-ро бунёдгузорӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Маросими дарёфти ҷоизаи "Донишҷӯи соли 2017" дар шаҳри Петербург баргузор шуд, хабар медиҳад равобити умумии Созмони донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Санкт-Петербург "МОСТ".

Ин маросим дар поёни ҳафтаи гузашта дар толори синамои меҳмонхонаи "Москва" баргузор шуд. Онро раиси МОСТ Жанна Бобохонова ва муовини дабири куллии Маҷмаъи байналмаҷлисии Кишварҳои ҳамсуд, намояндаи Маҷлиси Тоҷикистон Ибодуллоҳ Раҳимов оғоз карданд.

© пресс-служба "МОСТ"Торжественная церемония вручения таджикской национальной премии "Студент года — 2017"
Торжественная церемония вручения таджикской национальной премии Студент года — 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Торжественная церемония вручения таджикской национальной премии "Студент года — 2017"

"Соли 2017 дар Тоҷикистон "Соли ҷавонон" эълом шудааст. Аз ин рӯ, ман бисёр хурсандам, ки маросими дарёфти ҷоизаи "Донишҷӯи сол"-ро ифтитоҳ мекунам, зеро ҷавонон ояндаи ҳар кишвару миллате ҳастанд", — гуфт Раҳимов.

Ҷоизаҳои "Донишҷӯи соли 2017" дар 8 бахш ба беҳтарин ҷавонон дода шуданд. Чунончи, донишҷӯи Донишгоҳи электротехникии Санкт-Петербург Анушервон Салимов ҷоизаи "Донишманди ҷавони сол"-ро дарёфт кард.

Ҳунарҷӯи Донишгоҳи ҳунар Насима Хуҷамова "Ҳунарманди сол" шинохта шуд. Донишҷӯи Донишгоҳи фанноварии иттилоъот, механика ва оптика (ИТМО) Фаридун Аҳмадов "Довталаби сол" интихоб шуд.

© пресс-служба "МОСТ"Торжественная церемония вручения таджикской национальной премии "Студент года — 2017"
Торжественная церемония вручения таджикской национальной премии Студент года — 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Торжественная церемония вручения таджикской национальной премии "Студент года — 2017"

Ҷоизаи "Варзишкори сол" ба донишҷӯи Донишгоҳи варзишу тарбияи баданӣ Гулбидин Раҳматзода дода шуд. Донишҷӯи донишгоҳи ИТМО Матин Муҳиддинов "Рӯзноманигори сол" ва донишҷӯи Донишгоҳи олии иқтисод Ҳусейн Камолов "Фаъоли иҷтимоъии сол" шинохта шуданд.

Акмал Фозилов аз Донишгоҳи ИТМО "Беҳтарин раҳбари донишҷӯии сол" дониста шуд ва Илҳом Давлатов аз Донишгоҳи кишоварзӣ барандаи Ҷоизаи бузурги "Донишҷӯи сол" шуд.  

Дар ин маросим намояндагони донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург, сарконсулиҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ширкат доштанд.

Донишҷӯёни ҷоизадор ҳамчунин ҳадяҳои ёдмонеро ҳам дарёфт карданд. Илҳом Давлатов афзун бар ҷоиза ҳамчунин билети рафту баргашт бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон ва Русияро дарёфт кард.  

Лентаи хабарҳо
0