Донишгоҳ ва хобгоҳ: мулоқоти раҳбарони донишгоҳҳо бо хатмкунандагон

© SputnikЭкзамен в локальном центре тестирования в филиале МГУ в Душанбе
Экзамен в локальном центре тестирования в филиале МГУ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Истиқлол мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, гузориш медиҳад.

Дар ин дидор муовини раиси шаҳр Аминҷон Шарифзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммедов ва наздики 500 нафар хонандагони макотиби шаҳри Истиқлол ширкат доштанд.

Зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Истиқлол Ҷӯразода Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Мӯъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Камолиддин Ғозиев, ноиби ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехнкиии ДТТ, Ҳомидҷон Ҳошимов, муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдо, инчунин роҳбарони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз доир ба имконият ва шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ маълумот доданд.

Онҳо аз хатмкунандагон даъват карданд, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсилро идома диҳанд ва пас аз соҳибтахассус шудан ба халқи худ хизмат намоянд.

Хатмкунандагон перомуни масъалаҳои гуногун, аз ҷумла дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, имтиёзҳои мавҷуда барои ҷойгиршавӣ дар хобгоҳҳо ва забономӯзӣ ба раҳбарони муассисаҳои олӣ саволҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0