Здание парламента Республики Таджикистан. Фото из архива.

Парлумон: як нафар ҳақ надорад ҳам мансабдор ва ҳам вакил бошад

13
(Таҷдидшуда 20:06 11.02.2016)
Парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон мехоҳад ишғоли мансаби давлатӣ ва курсии вакилиро ҳамзамон аз ҷониби як нафар мамнуъ кунад.

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Радиф Тоҷикистон. Парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳоеро баррасӣ мекунад, ки бар асоси он ишғоли мансаби давлатӣ ва курсии вакилӣ аз ҷониби як нафар мамнуъ хоҳад шуд, навиштааст сомонаи расмии Парлумони Тоҷикистон.

Лоиҳаи мазкур, ки 7 ноябр зимни ҷаласаи навбатии парлумон баррасӣ шуд, тағйиру иловаҳоро ба 7 моддаи Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ мекунад.

«Аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд», — менависад сомонаи парлумон.

Лоиҳаи мазкур бо мақсади такмил ва бартараф намудани мухолифатҳои дохилии Қонун, мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва инчунин ҷиҳати иҷрои «Тавсияҳои нозирон аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо доир ба интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» таҳия гардидааст.

13
Барчаспҳо:
Тағйирот, Парлумон, Интихобот, Тоҷикистон
Мавзуъ
Президенти Тоҷикистон ваъдаи баргузории интихоботи шаффофро дод