Ойнихол Бобоназарова

ҲНИТ боз Бобоназароваро пешбарӣ мекунад, ин дафъа ба парлумон

7
(Таҷдидшуда 13:25 16.12.2014)
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳуқуқшиноси шинохта Ойниҳол Бобоназароваро, ки соли гузашта номзад ба мақоми президентӣ буду КМИ ӯро сабти ном накард, дар рӯйхати номзадҳои худ барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ шомил кардааст

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Ойниҳол Бобоназароваро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба курсии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи соли 2015 пешниҳод кардааст, иттило медиҳад радиои Озодӣ.

Ба қавли ҳуқуқшинос, ӯро аз рӯйхати якмандатӣ ба парлумон пешбарӣ кардаанд.

"Ман ҳоло фикр карда истодаам ва дар рӯзҳои наздик тасмими ниҳоии худро хоҳам гуфт",-иброз доштааст Бобоназарова.

Дар ҳамин ҳол Ҳизби наҳзати исломӣ мавзуи пешниҳодии номзадии хонум Бобоназароваро таъйид кард. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ гуфт, дар баробари номзадии эҳтимолии Ойниҳол Бобоназарова, номзадии афроди бонуфузи дигар берун аз ҳизб дар ҳоли баррасӣ аст ва дар сурати тавофуқи тарафайн, дар яке аз ҳавзаҳо номзад мегарданд.

Ойниҳол Бобоназарова аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон буда, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотталаб номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шуда буд, вале бинобар ҷамъ наовардани имзоҳои матлуб, аз сабқат берун монд. Ӯ дар таърихи Тоҷикистон аввалин зане буд, ки ба ин мақом пешбарӣ шудааст.  Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони "Перспектива +" аст.

Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи Улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. 

7
Барчаспҳо:
номзад, интихоботи парлумонӣ, интихобот, Академияи Улум, Донишгоҳи давлатӣ, Бунёди Сорос, Иттиҳоди неруҳои ислоҳталаб, ҲНИТ, Маҷлиси намояндагон, Файзраҳмонов, Ойниҳол Бобоназарова, Ёвон, Тоҷикистон