Сӯҳроб Шарипов. Акс аз бойгонӣ

Шарипов дар интихобот бо духтари бунёдгузори ҲНИТ рақобат мекунад

4
(Таҷдидшуда 15:43 14.01.2015)
Номзади ҳизби ҳоким, духтари бунёдгузори Ҳизби наҳзати исломӣ ва хабарнигори маъруф аз Ҳизби демократ вориди рақобати интихоботӣ мешаванд.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Сӯҳроб Шарипов аз ҳизби ҳоким номзади интихобтӣ аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур шудааст, хабар медиҳад сомонаи ҲХДТ.

Феълан Шарипов дар порлумони кунунӣ ин ҳавзаро намояндагӣ мекунад. Вай дар моҳи декабри соли 2011 замоне, ки раҳбарии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, дар интихоботи миёндаврӣ аз ин ҳавза вакил интихоб шуд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбе Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ин ҳавза номзади худро муъаррифӣ кард. Бо Шарипов барои раъйи интихобкунандаҳо духтари бунёдгузори ҲНИТ Сайид Абдулло Нурӣ — Руқия Саидова рақобат хоҳад кард. Тибқи иттилоъи сомонаи расмии ин ҳизб Руқия Саидов хатмкардаи донишгоҳи байналмиллалии Теҳрон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ихтисосаш сиёсатшиносӣ аст.

Ба ғайр аз намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, бо Шарипов номзад аз Ҳизби демократ, хабарнигори маъруф Аҳмадшо Комилзода рақобат хоҳад кард, ки ахиран аз ин ҳавза номзад шудааст. Комилзода дар даҳаи 1990 узви ҷунбиши сиёсии "Растохез" буд, ки ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолиф ворид мешуд.

Дар канори Шарипов аз вакилони феълии порлумон боз як вакил аз ҳизби ҳоким Маҳмадалӣ Ватанов вориди корзори интихоботӣ шудааст, ки мехоҳад аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсӣ вакил интихоб шавад.

Дар миёни номзадҳои ҲХДТ аз ҳавзаҳои ҷулогона чунин шахсиятҳои маъруфе мисли раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонзода, мудири иҷроияи ширкати "ТАЛКО" Садриддин Шарипов, раҳбари милитсияи Хатлон Анвар Тағоймуродов, раиси Академияи ВКД Ҷӯрахон Маҷидзода, муъовини раиси Ожонси мубориза бо фасод Тоҳир Ҷобирзода ҳастанд.

Ба ҷуз аз ин номзадҳои ҲХДТ, аз феҳрасти ягона боз 28 узви ин ҳизб номзад шудаанд. Дар миёни онҳо ёвари раиси ҷумҳур дар умури кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси Кумитаи умури дин Абдураҳим Холиқзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ҳастанд.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 1-уми март баргузор мешавад.

4
Барчаспҳо:
Интихобот, Ҳизби демократ, ҲХДТ, ҲНИТ, Аҳмадшоҳ Комилзода, Руқия Саидова, Суҳроб Шарипов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раҳмон: интихобот мардумро бояд бештар сарҷамъ кунад
Раиси кунунии парлумон номзади интихобот шуд
Муовини раиси ҲНИТ аз Кӯлоб номзади интихобот шуд