Ҷаласаи муштараки маҷолиси порлумон бо ҳузури раиси ҷумҳур мегузарад

© SputnikБинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки интихоботи вакилонаш 27 март баргузор шуда буд, раҳбарияти ҷадиди ин маҷлис интихоб хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Нахустин ҷаласаи муштараки ду маҷлиси порлумони ҷумҳурӣ соати 9 бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд, менависад хабаргузории "Ховар".

Ин нахустин ҷаласаи Маҷлиси миллӣ аст, ки интихоботи вакилонаш 27 март баргузор шуда буд.

Имрӯз раҳбарияти ҷадиди ин маҷлис интихоб мешавад.

То ин замон раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев буд, ки дар интихоботи ахир низ вакили ин маҷлис интихоб шуд.

Лентаи хабарҳо
0