Минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар рӯдхонаи Панҷ. Акс аз бойгонӣ

Бунёди Оқохон дар Бадахшон НБО месозад

102
(Таҷдидшуда 15:41 11.06.2015)
Арзиши ин пружа, ки фақат аз ҳисоби сармояи хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад $225 миллионро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Барномаи рушди иқтисодии бунёди Оқохон санадҳои марбут ба бунёди НБО-и Санобод ва баҳогузории фаннии онро дар рӯдхонаи Панҷ ба зимма дорад, иттилоъ медиҳад сомонаи adlia.tj

Ҳукумати Тоҷикистон ва барномаи Оқохон оид ба рушд дар садади имзои ёддошти ҳусни тафоҳум дар мавриди баҳогузории техникии иншоот дар марҳилаи аввал қарор доранд.

НБО-и Санобод дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, дар болои рӯдхонаи Панҷ сохта мешавад. Арзиши ин пружа, ки фақат аз ҳисоби сармояи хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад $225 миллионро ташкил медиҳад.

Ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ иқтидори НБО-и Санобод ба 125 МВт баробар буда, ифтитоҳи он дар соли 2020 дар назар гирифта шудааст. Барқи аз ин неругоҳ истеҳсолшаванда ҳудуди 3,5 сенти амрикоӣ арзиш хоҳад дошт.

Гуфта мешавад, барои сохтмони ин НБО бунёди обанбор зарурат надорад, зеро он бевосита дар дамгаҳи ҷараёни оби дарёи Панҷ эҳдос мешавад.

102
Барчаспҳо:
иқтидори 125 МВт, дар марзи Афғонистон, бунёди неругоҳ дар Помир, Бунёди Оқохон, НБО Санобод, Бонки ҷаҳонӣ, Бадахшон, Тоҷикистон
Мавзуъ
ҶСК “НБО Роғун”: сохтмони Роғун соли 2016 оғоз мешавад
НБО "Норак"-ро ҳамин тавр сохтанд