Ноқили барқӣ. Акс аз бойгонӣ

Истифодаи барқ бе ҳисобкунак: кӣ ба “Барқи тоҷик” пул надод

122
(Таҷдидшуда 11:06 21.12.2016)
Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон қувваи барқро бидуни ҳисобкунак истифода мебаранд. Ҳамин тавр зарари умумӣ ба “Барқи тоҷик” 25 835 сомонӣ ҳисоб карда шуд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Зарари умумӣ аз пардохт накардани пули қувваи барқ ба "Барқи тоҷик" 25 ҳазору 835 сомониро ташкил дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати дохилии ҶТ.

Ҳамин тавр ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони шабакаҳои барқӣ муайян гардид, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ғайриқонунӣ дар  хонаи истиқоматиаш қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ, муддати 1-сол истифода бурда, ба  ширкати холдингии "Барқи Тоҷик", ба миқдори  3,341-сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳамчунин марди 42-солаи сокини кӯчаи А.Раҷабови пойтахт, худсарона дар  хонаи истиқоматиаш, қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ муддати 3-моҳ истифода бурдааст. Ӯ бо ин роҳ, ба  ширкати холдингии "Барқи Тоҷик", ба миқдори 3,036-сомонӣ зарар расонидааст.

Марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар нуқтаи таъмири пойафзол, воқеъ дар  кӯчаи Айнии пойтахт ғайриқонунӣ қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ муддати 6-моҳ истифода бурда, ба  ширкати холдингии "Барқи Тоҷик", ба миқдори  1,704-сомонӣ зарар расонидааст.

Дар баробари ин марди 59-солаи сокини кӯчаи Ҳисорак, ғайриқонунӣ дар нонбойхонаи шахсиаш қувваи барқро истифода бурдааст. Зарари расонидашуда 3,515-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки марди нафақахӯри 66-солаи сокини кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон қувваи барқро ғайриқонунӣ, бе ҳисобкунаки барқӣ дар хонаи истиқоматиаш истифода бурда, ҳамин тариқ, ба  ширкати саҳҳомии холдингии "Барқи Тоҷик",  ба миқдори  8000-сомонӣ зарар расонидааст. 

Аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум карда шуд, ки соҳибкор, марди 43-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, худсарона дар ширкати ҶДММ "ТАКХ", қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ  истифода бурдааст. Номбурда бо чунин амал ба ширкати саҳомии холдингии "Барқи Тоҷик", ба миқдори 6,239-сомонӣ зарар расонидааст. 

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

122