Здание Барки Точик. Архивное фото

Тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон 645,3 милюн кВт-с афзоиш ёфтааст

30
(Таҷдидшуда 18:35 02.08.2017)
Дар шаш моҳи гузашта дар Тоҷикистон тавлиди нерӯи барқ 645,3 милюн килуватт-соат афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" гузориш дода, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 7 милёрду 736 милюн кВт-с нерӯи барқ тавлид шуда, ки нисбат ба ҳамин давра аз соли гузашта 645,3 милюн кВт-с афзоишро нишон медиҳад.

Джамшед Мамаджанов, архивное фото
© Фото: страница Джамшеда Мамаджанова в Facebook

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, дар ин бора раёсати ширкати "Барқи тоҷик" гузориш додааст. Манбаъ афзуда, ки дар ин муддат нерӯгоҳҳои обӣ 7 милёрду 301 милюн кВт-с, нерӯгоҳҳои ҳароратӣ 431,8 милюн кВт-с ва нерӯгоҳҳои хурд 3,9 милюн кВт-с нерӯи барқ тавлид кардаанд.

Дар паи роҳандозии дувумин бахши нерӯгоҳи ҳароратии "Душанбе-2" бо тавоноии 300 мегаватт, ин нерӯгоҳ дар шаш моҳ 431,8 милюн кВт-с нерӯи барқ тавлид карда, ки нисбат ба ҳамин давра аз соли гузашта 288,3 милюн кВт-с афзоишро намоиш медиҳад.

Дар ин шаш моҳ ҳамчунин 143 ҳазору 900 Гкал барқи ҳароратӣ тавлид шуда, ки нисбат ба ҳамин давра дар соли гузашта 74 ҳазору 400 Гкал афзун аст.     

30
Барчаспҳо:
нерӯи барқ, нерӯгоҳ, Барқи тоҷик, Тоҷикистон
Мавзуъ
Лоиҳаи "Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и "Қайроққум" дар ду марҳила амалӣ мешавад
Коршинос: ҶТ аз роҳи CASA 70 дарсад нерӯи барқ содир хоҳад кард