Барқи Тоҷик: бо Эрон дар пардохти қарзи НБО “Сангтӯда–2” мушкиле надорем

© Sputnik / Олег Давыдов / Гузариш ба медиабонкСангтудинская ГЭС-1 на реке Вахш в Таджикистане
Сангтудинская ГЭС-1 на реке Вахш в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи барқобии “Сангтӯда-2” 62 милюн дулор бидеҳкор аст ва ин қарзро бар асоси як ҷадвали замонбандӣ пардохт хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Раиси ширкати "Барқи Тоҷик" Мирзо Исмоилзода дар нишасти расонаӣ дар шаҳри Душанбе гуфта: "Мо бо Эрон дар робита бо пардохти маблағҳои нерӯгоҳи обии Сангтӯда- 2 ҳеҷ мушкиле надорем".

Тоҷикистон Сангтӯда-1-ро ба хотири "Барқи Тоҷик" аз андоз озод кард

Ба гузориши хабаргузориҳои тоҷикӣ, вай афзуда, қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" барои сохти нерӯгоҳи обии "Сангтӯда-2" ба 62 милюн дулор расидааст ва ин қарз бар асоси ҷадвали замонбандӣ пардохт хоҳад шуд.

Исмоилзода гуфта, ин ҷадвал дар чорчӯби фаъолияти комисюни байнидавлатии Тоҷикистон ва Эрон тасвиб шудааст.

Вай ҳамчунин афзудааст: "Дар сурати беҳбуди вазъи молии ин ширкат, мо тамоми қарзҳоро тибқи барнома пардохт хоҳем кард".

Нерӯгоҳи обии "Сангтӯда- 2", ки бо 180 милюн дулор сармояи Эрон ва 40 милюн дулор сармоягузории Тоҷикистон сохта шудааст, нахуст қарор буд барои 12 сол дар ихтиёри Эрон бимонад, аммо дар соли 2014 эълом шуд, ки ин муҳлат 2 соли дигар тамдид мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0