Масрафкунандаҳои барқ дар Душанбе аз ҳисобҳои ҳангуфт хашмгин шудаанд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСчетчики электроэнергии, архивное фото
Счетчики электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархе аз масрафкунандаҳо дар шаҳри Душанбе аз ҳисобҳои ҳангуфти шуморгарҳои барқ дар моҳи декабр ба хашм омаданд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бархе аз шаҳрвандони Душанбе аз ҳисобҳои ҳангуфти шуморгарҳои барқ дар моҳи декабр ба хашм омаданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Чунончи, бархе аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ вокунише хашмгинона нишон додаанд, вале ҳамчунон ҳисобҳоро пардохт мекунанд, вале бархе дигар аз шабакаҳои шаҳрии фурӯши нерӯи барқ тақозо мекунанд, ки дуруст будани омори шуморгарҳо бозрасӣ карда шавад.

Аммо кормандони шабакаҳои фурӯши нерӯи барқ аз хашми мардум дар шигифтанд ва мегӯянд, ки далеле барои суъитафоҳум нест.

Ба гуфтаи Шамсулло Гулмуродов, нозири масрафи барқ дар ноҳияи Шоҳмансур, далели ҳисобҳои ҳангуфти шуморгарҳои барқ 15 дарсад афзудани нархи барқ дар моҳи октябр ва афзоиши масрафи нерӯи барқ дар ду моҳи ахир аст.

Нархи барқ дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ гарон шуда, ки тавсия додааст нархи нерӯи барқ ду бор дар сол 20-дарсадӣ афзуда шавад. Ёддошт дар миёни ҶТ ва БҶ дар бораи ба сурати муназзам боло бурдани нархи нерӯи барқ дар соли 2006 бо ҳадафи рақобатпазирии бахши энержии кишвар имзо шуда буд.

Чанде пеш мудири Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд дар посух ба шикоятҳои масрафкунандагон далоили гарон шудани нархи барқро тавзеҳ дода буд.

Ба гузориши Рустам Пӯлодов, мудири Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд, бошандагони шаҳри Хуҷанд дар моҳи декабри соли 2016 47 млн кВт/соат барқ ба арзиши 6 млн 887 ҳазор сомонӣ масраф карда буданд. “Вале дар моҳи декабри соли 2017 ин рақам ба 52 млн кВт/соат қувваи барқ ба арзиши 8 млн 903 ҳазор сомонӣ расидааст. Афзун бар ин, аз моҳи октябри соли 2017 нархи ҳар кВт/соат барқ 15 дарсад афзоиш ёфта буд. Яъне дар як сол ин рақам 2,1 млн сомонӣ бештар шудааст”, — гуфт Пӯлодов.

Вай афзуд, ки Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд сомонаи худкори муҳосибаи масрафи нерӯи барқро ба кор мебарад, ки миқдору арзиши барқи масрафшударо дақиқ ҳисоб мекунад. Ҳарчанд масрафкунанда наметавонад додаҳои ин сомонаро дасткорӣ кунад, вале мавориде ҳам дида шуда, ки бархе аз масрафкунандагон ҳисобгарашонро ба хатти дигарон пайваст кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0