Ҳаб. Акс аз бойгонӣ

Соли 2017 беморони силро дар ҶТ бо доруи амрикоӣ табобат мекунанд

65
(Таҷдидшуда 13:58 01.02.2017)
Панҷоҳ бемор барои давраи табобат бо истифода аз бедаквилин номнавис шуда, 150 гирифтори сил дар соли 2017 табобат хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. ИМА барои муолиҷаи  беморони сил дар Тоҷикистон доруи бедаквилинро тӯҳфа кард, омадааст дар хабарнмоаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои бо сатҳи баланди паҳншавии  сил шомил аст ва теъдоди беморони шакли васеи мутобиқгаштаи сил дар кишвар дар афзоиш мебошад.

Ин аввалин доруи нав мебошад, ки аз соли 1960 барои табобати бемории сил тасдиқ шуд.  Ширкати дорусозии "Janssen Pharmaceuticals", ки ширкати фаръии «Johnson & Johnson» аст, бедаквилинро барои табобати шакли мутобиқгаштаи бемории сил ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ихтироъ кард. 

Гуфта мешавад, ки доруи нав дар вохӯрии муовини роҳбари намояндагии ИМА дар ҶТ Люси Жилка бо муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Умарзода Саида Ғайрат, роҳбарияти муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, табибон, духтурони бемории сил ва ҷонибҳои манфиатдор барои ҷашни ҷорӣ намудани бедаквилин дар Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Ширкати "Janssen" ин доруи муҳим барои 30 ҳазор даври муолиҷаи силро ба кишварҳои мувофиқ тақдим намуд.  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ширкати "Janssen" барои ҷорӣ намудани бедаквилин дар Тоҷикистон тавассути Идораи USAID оид ба тандурустии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ менамояд.

Бедаквилин барои истифода дар Иёлоти Муттаҳида моҳи декабри соли 2012 тасдиқ шуд ва он барои табобати беморони сил дар Амрико, истифода мешавад. 

Дар Тоҷикистон мувофиқи тавсияи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аввал панҷоҳ бемор барои давраи табобат бо истифода аз бедаквилин номнавис шуданд ва боз 150  бемор дар соли 2017 табобат хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки ҷараёни муолиҷаро дар марказҳои тиббии махсусан ҷудошуда мутахассисони ботаҷриба назорат мекунанд.

Лоиҳаи "Даъват барои мубориза бар зидди бемории сил" яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID амалӣ мегардад. 

Дар 25 соли охир Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 1,8 миллиард доллар барои барномаҳое тақдим намуд, ки ба мусоидат намудан ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона мебошанд.  Моҳи феврал Тоҷикистону Амрико 25-ум солгарди равобити дипломатиро таҷлил хоҳанд кард.

65
Барчаспҳо:
"Janssen", USAID, Умарзода Саида Ғайрат, Люси Жилка, Тоҷикистон, ИМА
Мавзуъ
Аҳмадзода: саратон бо ёрии нитрогени моеъ табобат мешавад
Боздошти “Мулло Шералӣ”, ки беморонро бо ҳашарот табобат мекардааст