Криминал. Архивное фото

Ҷароҳат бардоштани се шаҳрванди Тоҷикистонӣ дар ҷануби Маскав

2
(Таҷдидшуда 13:27 13.11.2014)
Истеъмол накардани тамоку боиси тирпарронӣ ва захмдор шудану интиқоли шаҳрвандон ба беморхона шуд.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Радиф Тоҷикистон, Маҳпора Киромова. Се шаҳрванди Тоҷикистон шоми 8-уми ноябр дар истгоҳи метрои "Каховская" бар асари хархаша ва баъдан тирпарронӣ ҷароҳат бардоштаанд, иттилоъ медиҳад Муҳаммад Эгамзод, нмояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Тибқи иттилои расмии сафорат, маҷрӯҳшудагон, ки асосан зодагони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ мебошанд, аз шикам ва дасту пой ҷароҳат бардошта, онҳо Мунис Рустамов, Лашкарбек Амбаров   ва Карим Худобердиев ҳастанд. Ба қавли табибон вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон дар ҳоли ҳозир мӯътадил арзёбӣ мегардад.

"Ба гуфти ҷабрдидаҳо, шоми 8-уми ноябр дар истгоҳи метро чанд ношинос ба назди онҳо омада, сигарет пурсиданд. Вақте посухи рад шуниданд, ба саволи "Шумо чӣ, варзишгаред?" ба бачаҳо дарафтода, боиси хархаша гаштаанд",- афзуд Муҳаммад Эгамзод.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, рӯзи якшанбеи гузашта кормандони мақомоти дипломатӣ ва масъулини хадамоти муҳоҷирати ҶТ барои шарҳи қазияи мазкур ба ШВКД-и ноҳияи Каховои Маскав муроҷиат кардаанд. Полис ваъда додааст, ки то рӯзи 11-уми ноябр тавзеҳи комили онро дар ихтиёри эшон хоҳад гузошт.

2