Встреча премьер-министров Таджикистана Кохира Расулзода и Кыргызстана Джоомарта Оторбаева в Бишкеке

Оторбаев: миёни Бишкеку Душанбе ихтилофи назар вуҷуд надорад

3
(Таҷдидшуда 16:55 11.02.2016)
Нахуствазирони ду кишвари ҳамсоя аз натоиҷи мулоқоту нишастҳо қаноатмандӣ карда, эълом доштанд, ки дар кулли масоили дуҷониба, аз ҷумла мушкилоти марзӣ ба тавофуқ расиданд.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Аснои вохӯрии Ҷоомарт Оторбаев, нахуствазири Қирғизистон ва Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар Бишкек ба масоили марбути марзию   тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт, суръат бахшидан ба ҷараёни таъини ҳудуд ва  аломатгузории сарҳад таъкид гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи ҳукумати Қирғизистон.

Мулоқоти нахуствазирони ду кишвари ҳамсоя рӯзи 14-уми ноябр дар чорчӯби сафари расмии Расулзода ба Қирғизистон сурат пазируфта, зимнан дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷҷорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.

Сарвазири Қирғизистон қайд кард, ки кулли масоили марбути ҳамкориҳои дуҷониба дар ин нишаст мартаҳ шуд, менависад сомонаи ҳукумати он кишвар.

"Байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофи сиёсӣ вуҷуд надорад. Ба мо зарур аст, ки ҳамкориҳои мутақобиларо тавсеъа бахшем, зеро ҳанӯз имкониятҳои зиёди ноистифодашуда дорем. Дар нишасти мазкур таваҷҷӯҳи аслӣ ба масъалаи мушкилоти марзӣ, раванди аломатгузорӣ ва муайян кардани ҳудуди сарҳадот, инчунин густариши равобити фарҳангӣ гардид",- афзуд нахуствазири Қирғизистон.

Номбурда гуфт, 8 ноябр роҳбарони вилоёти Бодканди Қирғизстон ва Суғди Тоҷикистон созишномаи ҳамкории минбаъдаро барои се сол ба имзо расониданд.

"Ин намунаи хуби ҳамкориҳои манотиқи ҳаммарз мебошад. Табиист, ки ду халқи бародар дар фазои сулҳу субот ва дӯстӣ ба сар баранд, тамоми мушкилот бояд сари мизи гуфтушунид ҳал шавад",- қайд кард Оторбаев.

"Натиҷаи гуфтушунид нишон дод, ки ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳо манфиатдоранд. Мо дар ҳамаи масоили баррасишуда ба тавофуқ расидем, аз ҷумла мавзӯи сарҳаду раванди аломатгузории марзи давлатӣ низ. Ба назари ман, фақат расидагии ҳамаҷониба ба масоили ҳамкориҳои дуҷониба метавонад вазъи муносиботи ду кишварро мӯътадил созад",- гуфт Расулзода.

Ба иттилои расида, нахуствазирони ду кишвар изҳороти муштараки гуфтушунидро имзо кардаанд, ки дар он натиҷаи мулоқоти эшон инъикос гардидааст.

Равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон 14 январи соли 1993 ба роҳ монда шудааст.

Масоили марбут ба сарҳад, аз ҷумла таъини ҳудуди марзӣ ва аломатгузории он миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзӯи умда маҳсуб мегардад. То имрӯз аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 500 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст.

3