Сторонники экс-президента Египта Хосни Мубарака ожидают его освобождения возле тюрьмы Тора в Каире. 22 августа 2013 г.

Додгоҳи Қоҳира Муборакро дар куштори эътирозгарон гунаҳкор намедонад

0
(Таҷдидшуда 16:15 02.12.2014)
Собиқ райисҷумҳур ва вазири пешини умури дохилаи Мисрро аз иттиҳомҳои даст доштан дар куштори эътирзгарон дар соли 2011 бегуноҳ эълом карданд. Мухолифон ҳукмро “поёни инқилоб” унвон карда, аз ҷонибдоронашон даъват кардаанд, ки ба эътироз даст зананд.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Додгоҳи Миср рӯзи шанбеи 29-уми ноябр,  Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини он кишварро аз иттиҳомҳои мушорикат дар куштори 750 эътирозгар дар соли 2011 бегуноҳ эълон кард, менависад Russia Today.

Ҳамзамон, додгоҳи мазкур Муборакро аз ҷавобгарӣ дар мавриди интиқолу содироти газ ба Исроил бо нархи арзон озод кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ҳусни Муборак аснои инқилоб, ки аввали соли 2011 дар Миср ба вуқӯъ пайваст, аз тахт сарнагун гардида буд.

 Муборак, президенти пешини Миср ва Ҳабиб Адлӣ, вазири умури дохилаи он кишвар, ки барои куштори эътирозгарон ва фасод муттаҳам мешуданд, аз сӯи додгоҳ дар Миср бегуноҳ шинохта шуданд. Ӯ ва вазири собиқаш дар соли 2012 ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд, аммо дар додгоҳи таҷдиди назар аз иттиҳомоти воридшуда тоза баромад. Писарон, раиси муҳофизон, шаш фармондеҳи баландпояи муҳофизи ӯ низ бегуноҳ дониста шуданд.

Ҳамзамон, пас аз эъломи ҳукми ин додгоҳ президенти собиқ ба озодӣ намебарояд. Номбурда  ҳамакнун дар ҳоли сипарӣ кардани се сол ҳабси худ ба иттиҳоми фасод аст. Гуфта мешавад, Муборак 18 миллион долларро, ки барои таъмиру тармими кохи раёсатҷумҳур ҷудо гардида буд, ғайриқонунӣ азхуд кардааст.

Баъд аз эъломи ҳукми додгоҳ, бетартибиҳо дар Қоҳира авҷ гирифта, беш аз 4 ҳазор нафар ҷонибдорони Муборак дар майдони "Таҳрир" ҷамъ омада, хостори истеъфои Абдулфаттоҳ Сиси, раисҷумҳури феълии кишвар шуданд. Эътирозгарон сафед шудани президенти собиқро "поёни инқилоб" унвон карда, даъват месозанд, ки "ҳукумати низомӣ" ба истеъфо равад. Полис бо истифода аз обшапак ва гази ашковар гирдиҳамоиро пароканда кард. Айни замон дар бораи кушта шудани ду эътирозгар ва ҷароҳат бардоштани 9 нафар иттилоъ расидааст. Мақомоти интизомӣ 85 тани дигарро, бо шумули ду хабарнигор ба ҳабс гирифтааст.

0
Барчаспҳо:
Адлӣ, Сиси, эътирозгарон, бегуноҳ, додгоҳ, Таҳрир, Қоҳира, Миср, Муборак