Встреча Рамзана Кадырова с журналистами

Қодиров: дар Грозний гурӯҳи “бузург”-и шибҳинизомиён вуҷуд надорад

3
(Таҷдидшуда 09:23 04.12.2014)
Сарвари Чеченистон дар бораи ҳалокати се полис ва ҷароҳат бардоштани се тани дигар иттилоъ дода, тасдиқ кард, ки сокинони мулкӣ аз “Хонаи матубот” (Дом печать), маҳаллае, ки он ҷо даргирӣ ба вуқӯъ пайвастааст, кӯчонида шуданд.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон ба Грозний ворид гардидани гурӯҳи калони ҷангиёни ношиносро рад карда, иброз дошт, ки дар маҳаллаи Хонаи матбуот се полис ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Чанд ҷангҷӯ дар минтақаи Хонаи матбуоти Грозний дар муҳосираи мақомоти интизомӣ қарор доранд. Бино ба иттилои ВКД шибҳинизомиёни ҳамлагар аз шаш нафар беш нестанд, аамо бархе расонаҳо шумори онҳоро аз даҳ нафар зиёдтар мегӯянд. Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ ба РИА Новости дар мавриди ҳалокати се пулис иттилоъ дода, баъдтар шумораи кушташудагонро  панҷ нафар унвон кард. Сокинони осоишта аз маҳали даргирӣ берун бароварда шуданд.

"Дар Хонаи матбуот ҳоло ягон сокини мулкӣ нест. Чораҳои зарурӣ андешида шудаанд, то ҷангҷӯёне, ки дар дохили бино ба муҳосира афтодаанд, аз он ҷо берун нашаванд. Вазъ таҳти назорат қарор дорад, амнияти шаҳрвандон таъмин аст", — гуфт Қодиров аснои сӯҳбат бо хабарнигорон.

Ба қавли ӯ, сарусадо дар бораи ба муҳосира афтодани гурӯҳи "бузург"-и шибҳинизомиён бепоя аст. Дар ҳоли ҳозир, дар Хонаи матбуот, ҷое, ки амалиёти вижаи мақомот идома дорад, ҳафт ҷасади ҷангҷӯён дарёфт шудааст.

 

3
Барчаспҳо:
Чеченистон, Хонаи матбуот, Грозний, Қодиров, Рамзан, шибҳинизомиён
Мавзуҳо:
Амалиёти вижаи мақомот алайҳи ҷангиён дар Грозний (2)