ВКД: ҳалокати даҳ нафар дар як рӯз дар обҳои кишвар

© Sputnik / Амир ИсаевДар соҳили обанбор. Акс аз бойгонӣ
Дар соҳили обанбор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ғарқ шудани даҳ шаҳрванд дар як рӯз иттилоъ дода, сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Фақат дар як рӯз дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон даҳ ҳодисаи нохуши ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар бештари ҳолатҳо ҳалокшудагон кӯдакон мебошанд, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, дар ноҳияи Восеъ писарчаи яксола аз беэҳтиётии волидайнаш дар ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Духтари 15-солаи сокини ноҳияи Ишкошим бошад, ба дарёчаи "Гармчашма"-и ҳудуди ноҳия афтида, ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади вай корҳои ҷустуҷӯйи давом дорад.

Под водой в бассейне. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Се кӯдак ба таври фоҷиавӣ дар ҳавз ғарқ шуданд

Зимнан, дар ноҳияи Шаҳринав духтарчаи 5-сола ва писарчаи 3-сола аз беэҳтиётии волидайнашон дар канали обгузари ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи мазкур ғарқ шудаанд. Писарбачаи 4-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ аз беэҳтиётии волидайнаш дар ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилоъи ВКД, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи "Кофарниҳон" ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади шаҳрванди ғарқшуда ҷӯстуҷӯй идома доранд. Зани 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми гирифтани об аз соҳили дарёи "Ёвонсу", дар ҳудуди деҳаи Навзамини ноҳия аз беэҳтиётиаш дар об афтида ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон, ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи "Сир" ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи идома доранд".

Қаблан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз аввали сол охири моҳи июн дар кишвар 54 нафар дар пайи ғарқшавӣ дар дарёву кӯлҳои ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 23 ҳолат бештар аст.

 

Лентаи хабарҳо
0