Дархости ВКД Тоҷикистон барои шиносоии шахсияти як ҷасад

© Flickr \ Adrian ClarkҶасад дар мурдахона. Акс аз бойгонӣ
Ҷасад дар мурдахона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҷиҳати муайян кардани шахсияти ҷасади як мард, ки 14 июл аз наздикии рӯдхонаи Кофарниҳон дарёфт шудааст, ёрӣ диҳанд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазорати умури дохила аз шаҳрвандон барои муайянсозии шахсияти ҷасаде, ки 14 июл дар наздикии дарёи Кофарниҳон пайдо шудааст, кӯмак хост, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

"14 июл аз наздикии дарёи Кофарниҳон дар заминҳои ҶДММ "Алиф", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади марди шахсияташ номаълум дарёфт гардид"- омадааст дар иттилоъи сарчашма.

Ба қавли манбаъ, ин шахс тахминан 45-55-сола буда, миллаташ тоҷик аст, қадаш 1,75-1,80 см, сабзина, мӯи сараш сафеду сиёҳ, шаш дандони пешаш тиллоӣ мебошад. Андозаи пойафзоли ӯ 42-43 см аст.

Мақомот мегӯяд, биноан аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, бо «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо рақами (83136)-2-31-22 занг зананд.

 

Лентаи хабарҳо
0