Сарбозони афғон. Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Кобул таркиш ба амал омад

34
(Таҷдидшуда 13:42 21.12.2016)
Дар яке аз ноҳияҳои Кобули Афғонистон таркиш ба вуқӯъ пайваст. Таҷҳизоти худсохти тарканда дар назди қасри “Дор ул-Аман” ба кор андохта шуд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар пойтахти Афғонистон-шаҳри Кобул таркиш ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба хабаргузории Khaama Press.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ таҷҳизоти худсохти тарканда дар назди қасри "Дор ул-Аман" ба кор андохта шуд.

То ҳол дар бораи ҷабрдидагон хабар дода нашудааст.

34
Барчаспҳо:
таҷҳизоти худсохти тарканда, таркиш, Афғонистон