Садама дар роҳи Хатлон: пирамарди ҳаштодсола зинда монд, кӯдаки ҳафтсола ҷон бохт

© Sputnik / Александр НестеровСадама, акс аз бойгонӣ
Садама, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз тасодуфи маргбор дар роҳи Хатлон хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бино бар иттилоъи ин манбаъ, ин тасодуф 8-уми март дар қаламрави ноҳияи Данғара рух додааст.

Ронандаи худрави "ВАЗ-21099" — марди 27-солаи сокини Фархор фармони онро аз даст дода бо худрави "Опел-Астра" ки ронандааш марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб буда, тасодуф мекунад. 

Дар натиҷа, ронандаи худрави “ВАЗ-21099” ва мусофиронаш — зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 55-сола ва зани 56-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва ҳамчунин мусофирони худрави “Опел-Астра” — зани 56-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони ноҳияи Данғара сахт захмӣ шуда, ҷонашонро аз даст додаанд.

Ронандаи худрави “Опел-Астра” ва мусофири дигараш — марди 80-солаи сокини ноҳияи Муъминобод низ захмӣ шудаанд, вале ҷон ба саломат бурдаву дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0