Ҳалокати ҳашт кас дар паи садамаи нақлиётӣ

Обуна шудан
Садамаи нақлиётӣ соати 8 саҳар (бо вақти душ) рух додааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik.  Ҳашт кас дар паи садамаи нақлиётӣ дар роҳи "Бишкек-Ӯш" ҷон бохта, ду тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт.

"Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳашт кас ҷон бохта, ду тани дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ҷои ҳодиса созмонҳои наҷотдиҳӣ фаъолият доранд", — омадааст дар иттилоъия.

Бино ба гузориши мақомотҳои дахлдор, садамаи нақлиётӣ сотаи 8 саҳар (бо вақти душ) дар наздидикии шаҳри Тош-Кумир рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ боркаши MAN бу ду худрави хурдтар бархӯрдааст.

Шоҳроҳи Бишкек-Ӯш 600 килуметрро дар бар гирифта, ягона даҳлези заминист, ки манотиқи шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад.

Лентаи хабарҳо
0