Канори соҳил, акс аз бойгонӣ

ВУД: се марди қубодиёнӣ ҳамдеҳаашонро лату кӯбу ғарқ карда куштанд

49
(Таҷдидшуда 12:20 02.08.2017)
Ин се кас бо ҷавоне ҷангу ҷанҷол бардошта ӯро лату кӯб ва сипас дар ҷӯйбори калони деҳа андохта ғарқ кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон се марди ҷавони қубодиёниро дар даст доштан дар куштори ҳамдеҳаашон муттаҳам мекунад.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ВУД ҶТ, кормандони милиса се ҷавони 23-соларо дар ноҳияи Қубодиён дастгир карданд, ки муттаҳам ба куштор мешаванд.

"Номбурдагон, 23-юми июли соли 2017, тахминан соати 21:00-дақиқа, дар наздики дукони хӯроквории ҷамоати деҳоти Заркамар бо ҷавони 24-солае аз деҳаи Советобод ҷангу ҷанҷол карда ӯро лату кӯб намудаанд", — омадааст дар гузориши ВУД.

Гуфта мешавад, сипас ӯро дар ҷӯйбори деҳа андохта чанд бор ғӯтавар кардаанд, ки дар натиҷа номбурда ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, ҷузъиёти ин қатлро бозҷӯӣ дорад.

49
Барчаспҳо:
гумонбар, куштор, ҷавонмард, Қубодиён, Тоҷикистон