Корд, акс аз бойгонӣ

Ин чӣ шӯрест: дар шимоли Тоҷикистон ду падар бо дасти писар кушта шуданд

169
(Таҷдидшуда 12:50 15.09.2017)
Вазорати умури дохила имрӯз аз ҳодисаи куштори ду падар аз дасти писар дар шимоли Тоҷикистон гузориш дод

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. ВУД ҶТ аз ҳодисаҳои рӯзи 12-ум ва 13-уми сентябр иттилоъ дод. Дар як гузориши манбаъ, ду хабари ҳузнангезе омадааст: дар тайи ду рӯзи охир дар шимоли кишвар ду писар падари худро куштаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, 12-уми сентябри соли равон шабҳангом сокини 25-солаи ноҳияи Ашт ба манзилаш омада, бо падараш хархаша мекунад ва бо истифода аз бели хоҷагидорӣ чанд маротиба ба узвҳои бадани падараш  мезанад. Дар натиҷа падараш ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, чунин як ҳодисаи нанговар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф рух додааст.

Марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 13:00-дақиқа ба ҳавлии истиқоматии падараш, марди 65-сола омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 5-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

169
Барчаспҳо:
куштор, корд, падар, писар, Тоҷикистон