Шодихон Ҷамшед. Акс аз бойгонӣ

Раиси ВМКБ худ кӯдакеро ҷарроҳӣ кард, ки аз дасти амакаш захмӣ шудааст

2213
(Таҷдидшуда 12:39 09.10.2017)
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед худ кӯдакеро ҷарроҳӣ кард, ки дишаб аз дасти Некрӯз Ниятбеков захмӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Кӯдакеро, ки дишаб аз дасти Некрӯз Ниятбеков дар ноҳияи Шуғнон сахт захмӣ шудааст, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед худ ҷарроҳӣ кард.

Чунон ки пештар хабар дода будем, панҷшанбешаб, 5 октябр Некрӯз Ниятбеков, бошандаи шаҳри Хоруғ, хонаводаи бародарашро дар рустои Поршинев тирборон кардааст. Пирзан дар ин ҳодиса ҷонашро бохтаву ҷавонзан ва писараш захмӣ шудаанд.

Ин кӯдакро, ки Некрӯз бо корд дар сараш задааст, Шодихон Ҷамшед имрӯз субҳ ҷарроҳӣ кард.

"Шодихон Ҷамшед дар баробари раиси вилоят будан пизишки ҷарроҳ низ ҳаст ва дар мавридҳои изтирорӣ ҳамеша беморонро ҷарроҳӣ мекунад", — гуфт дар ин бора Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати ВМКБ, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии кӯдаки 14-соларо пас аз ҷарроҳӣ вазнин арзёбӣ кард. Ба гуфти ӯ аҳволи модари ӯ хуб аст, вале вазъи кӯдак вазнин боқӣ мемонад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Некрӯз Ниятбеков бо ҳамсари бародараш Далер Ниятбеков, ки чанд сол пеш аз ин дар гузашта буд, бар сари манзили иқоматияш дар шаҳри Хоруғ ҷанҷол доштааст. Ахиран додгоҳ ин манзилро ба ҳамсари Далер Ниятбеков вогузор карда будааст. Аммо Некрӯз аз ҳукми додгоҳ розӣ нашуда ҷанҷолро ба зӯроварӣ кашондааст.

Гуфта мешавад, ки вай шаби ҷумъа ҳамроҳ бо ду каси дигар ба хонаи хешовандонаш ба рустои Поршинев рафта ва ҳамсару хушдомани бародарашро тирборон ва бародарзодаашро корд задааст. Дар ин задухӯрд бародари янгаи Некрӯз ҳам тир хӯрдааст, ки вазъи саломатии ӯ ҳам вазнин арзёбӣ мешавад.

2213
Барчаспҳо:
куштор, Шодихон Ҷамшед, ВМКБ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Куштор дар ВМКБ: ҷавоне хешовандони бародарашро тирборон кард