Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”

33
(Таҷдидшуда 15:37 14.05.2015)
Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар қаламрави таҳти нуфузаш дар кишварҳои Ироқ ва Сурия аз бунёди хилофат дарак дод. Ба навиштаи New York Times, амалиёти низомии ИМА алайҳи тундравони исломӣ се марҳаларо дар бар мегирад.
Давлати исломӣ
© Sputnik

Авохири моҳи июн размандагони "Давлати исломӣ" (исми пешини он "Давлати исломии Ироқу Шом" буд) дар бораи созмон додани хилофат дар қаламрави таҳти нуфузашон дар Сурия ва Ироқ эълом доштанд. Роҳбарии ин "давлат"-и эътирофнашударо пешвои ҷангиёни созмон — Абдулло Иброҳим ибни Самараӣ, ҳамчунин маъруф ба тахаллуси Абубакри Бағдодӣ ба дӯш гирифт. Моҳҳои ахир тундравон минтақаҳои зиёди аҳолинишинро дар қаламрави Ироқ забт карда, нияти боз ҳам тақвияти ҳамларо алайҳи низомиёни Ироқ доранд. Онҳо аз ҳама мусулмонон даъват кардаанд, ки ба халифаи ҷадид байъат кунанд.

Рӯзномаи New York Times менависад  амалиётҳои низомии ИМА алайҳи ҷангиёни "Давлати исломӣ" аз марҳила иборат аст ва он на камтар аз се сол идома меёбад. Давраи аввал аллакай оғоз гардида,  ки он аз ҳамлаҳои ҳавоӣ зидди ҷангиёни исломӣ иборат мебошад. Қисми дуввуми амалиёт ба омӯзишу тамрини низомиёни ироқӣ ва курд нигаронида шуда, инчунин таъмини силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ба артиши онҳо ҳаст. Марҳилаи севвум ва аз ҳама муҳими амалиёт ба дӯши маъмурияти ҳукумати оянда вогузор мешавад, ки он нобуд кардани қувваҳои ҳарбии ҷангиёни "Давлати исломӣ" мебошад.

33