КЗҲ “Владимир Мономах” ва сохтори он

4
(Таҷдидшуда 15:57 11.12.2014)
Киштии зериобӣ-ҳастаии “Владимир Мономах” рӯзи 10-уми декабр дар ихтиёри Неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Русия қарор гирифт. Маросим ботантанаи афрохтани парчами “Андреев” дар ин киштӣ 19 декабр дар саҳни корхонаи “Севмаш” сурат мепазирад.
АПЛ Владимир Мономах. Инфографика
© Инфографика.

Моҳи ноябр "Владимир Мономах" барномаи давлатии санҷиширо гузашт ва аз он мушаки "Гурз" ("Булава") ба тамрингоҳи Кура дар ҷазираҳои Камчатка партоб шуд. Дар ҳоли ҳозир НҲБ-и Русия дорои ду киштии зериобии атомӣ (ҳастаӣ) лоиҳаи 955 ҳаст: киштии "Борей"- "Юрий Долгорукий" дар флоти Шимолӣ ва "Александр Невский" дар флоти Уқёнуси Ором. Ба ҷуз ин ду крейсер (киштии зериобӣ)-и дигар бо номҳои "Княз Олег" ва "Княз Владимир" дар корхонаи "Севмаш" бунёд мешавад. Дар маҷмӯъ, то соли 2020 неруҳои низомӣ-баҳрии Русия соҳиби  8 киштии зериобии муосир хоҳад шуд.

4