Кадом қисмати марзи Тоҷикистону Афғонистон баста шуд

243
(Таҷдидшуда 13:37 14.12.2017)
Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон панҷ пул ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баст
Бастани марзи Тоҷикистону Афғонистон
© Sputnik

Ин иқдом ба хотири таъмини амният пеш гирифта шудааст.

Дар айни ҳол ҳаракат тариқи панҷ пули дарёи Панҷ ва як гузаргоҳ баста шудааст.

Вале сухангӯи нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабари баста шудани марз бо Афғонистонро рад кард.

243
Барчаспҳо:
бастани марз, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон марз бо Афғонистонро баст